ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ ТАКМИЛИ ДОНИШҲОИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН

687

Имрӯз (25.04.2022) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони Департаменти «CLDP» («Commercial Law Development Program» – Барномаи рушди қонуни тиҷоратӣ)-и Вазорати тиҷорати ИМА Змарак Хон (ҳуқуқшинос) ва Томас Чой (мутахассис) вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи ҳуқуқ ва тиҷорати байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Гуфта шуд, ки аз ҷониби масъулини барнома донишҷӯёни дорандаи забони ангилисӣ аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ интихоб шуда, як муддат ҳам тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) ва ҳам тариқи ҳузурӣ машғулиятҳои ҳуқуқӣ дода шуда, сипас ба озмуни беҳтарин ҳуқуқшиноси сатҳи байналмилалӣ, ки миёни гурӯҳҳои интихобшуда дар Ҷумҳурии Австря мегузарад, роҳхат мегиранд. Таъкид шуд, ки барнома дар беш аз 400 донишгоҳи олам амал намуда, буду боши донишҷӯён аз ҳисоби барнома роҳандозӣ мешавад.

Зимнан ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар самти амали гардидани ибтикороти такмили донишҳои ҳуқуқии ҷавонон моҳи сентябри соли ҷорӣ чораҳои амалӣ меандешанд.