ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

537

Имрӯз (10.08.2021) муовини сафири Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, сардори департаменти сиёсии сафорат Абдуллоҳ Сабер ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мирзамонзода Х.М. вохӯрӣ намуд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз имконияту зарфияти илмию таълимии донишгоҳ, хусусан дар самти арабшиносӣ, суханронӣ намуда, ҷиҳати густариш бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ пешниҳодҳои муфидеро баррасӣ кард.

Абдуллоҳ Сабер зимни суханронии хеш аз дастгирию муносибатҳои дӯстонаи роҳбарияти Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, масъулини соҳаи маориф ва илми кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди соҳаи маориф, хусусан самти таълиму таҳқиқ андешаҳои ҷолиб иброз дошт. Мавсуф таъкид намуд, ки сафорат омодааст бо тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллӣ дар самти омода намудани магистрон ҳамкорӣ ва дастгириро бештар намояд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дар робита ба масъалаи барномаҳои таълимӣ, табодули устодону донишҷӯён дар самти таҷрибаомӯзӣ ва бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ табодули афкор намуданд.