ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ РУШД МЕЁБАНД

456

Дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз (01.05.2023) муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДМТ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. бо роҳбари Барномаи рушди тиҷоратии Вазорати савдои ИМА Ҷо Янг ва коршиноси барномаи мазкур, ҳамзамон, профессор Донишгоҳи Корнелли ИМА Ричер Куҳун вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар мулоқот муовини ректор доир ба сохтор ва ҳайати устодону кормандон, зарфият ва имкониятҳо, вазъи кунунии таълиму тадрис, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ маълумот дода, зикр кард, ки дар ДМТ вобаста ба талаботи замон дар бештари ихтисосҳо кадрҳои лаёқатманд омода менамояд.

Зимнан меҳмонон ҳадафи ташрифи худро ба донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳои судманд дар масъалаҳои моликияти зеҳнӣ, ба мисли рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ, ҷалби шахсони лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ғайра арзёбӣ намуданд.