Имрӯз (11.11.2021) сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран ва ноиби Президенти Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддуни Шарқи Ҷумҳурии Фаронса Жил Фоғло ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим, хусусан дар самти табодули донишҷӯён арзёбӣ намуданд. Омӯзиши забонҳои фаронсавӣ, тоҷикӣ ва таҳқиқи осори адибон, табодули муҳаққиқону донишҷӯён, ташкили ҳамоишҳои онлайнӣ, гузаронидани ҷорабиниҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳои вохӯрии мазкур буд.
Зимнан таъкид шуд, ки нахуст ҳамкорӣ миёни ДМТ ва Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддуни Шарқ аз табодули донишҷӯён дар робита ба омӯзиши забонҳо шурӯъ мегардад. Гуфта шуд, ки дар Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддуни Шарқ 133 нафар муҳассилин ба омӯзиши забони форсӣ машғул буда, талоши такмил додани маҳорати забономӯзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.