
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз донишгоҳҳои пешрафтаи кишвар фаъолона бо муассисаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ин ҳамкориҳо метавонанд дар доираи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодон, лоиҳаҳои тадқиқотӣ, семинарҳо ва конференсияҳо сурат гиранд.
Бо ин мақсад имрӯз (05.05.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намояндаи ширкати суғуртавии BARMER Ирина Мазур ва муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфзода Шаҳло ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ғаффорзода И. вохӯрӣ намуданд.
Мақсад аз ташрифи меҳмонон, пеш аз ҳама, ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои ERASMUS +, инчунин, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳо, ҷалби мутахассисони соҳа ба раванди таълим ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак мебошанд.
Барномаи ERASMUS+ имкон медиҳад, ки донишҷӯён, устодон ва кормандони Донишгоҳ барои мубодилаи таҷриба, таҳсил ва тадқиқот дар кишварҳои аврупоӣ сафар намоянд. Ин лоиҳаҳо ба ҳамкории байни донишгоҳҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо барои таҳияи барномаҳои таълимӣ, модулҳои омӯзишӣ ва дигар ташаббусҳои инноватсионӣ равона шудаанд.