ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

408

Ҳайати намояндагии Донишгоҳи миллии тадқиқотии Русия “Мактаби олии иқтисодӣ” Коротаев А.В. – мудири лабораторияи мактаби олии иқтисодӣ, Аскеров М.И. – мудири шуъбаи шарқшиносӣ ва Африқо, Леонид Л. – профессори донишгоҳи мазкур ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо намояндагони самти робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, таҳти роҳбарии мудири шуъбаи равобити байналмилалии ДМТ Қурбонов Қ. мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти рушд бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори назар намуда, роҷеъ ба баргузории ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки ҷонибҳо дар робита ба масъалаи пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин, роҳҳои пешгирии амалҳои ифротӣ дар ҷомеаи муосир ҳамоиши илмӣ-онлайниро рӯзҳои наздик роҳандозӣ хоҳанд кард ва барои ҷалби мутахассисони варзида дар ҳамоиши мазкур ба мувофиқа расиданд.