ҲАМКОРИИ ДОНИШКАДА БО ЮНИСЕФ

386

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пайваста тадбирҳои муҳим андешида мешавад. Ҳамин аст, ки имрӯз бо мақсади рушди робитаҳои илмию таълимӣ роҳбарияти донишкада (Мирзамонзода Х.М.) бо коршиноси байлалмилалии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон – Александр Сокол ва корманди аршадеи  ЮНИСЕФ, коршиноси масоили маориф – Эраҷ Саодатсайров вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти амалишавии лоиҳаи “Барномаи рушди касбии устодони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ” ва роҳҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ миёни донишкада ва ЮНИСЕФ табодули афкор намуданд.