ҲАМОИШ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

189

Имрӯз (30.05.2025) дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мегардад, чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани руҳияи кӯдакон, арҷгузорӣ ба арзишҳои кӯдакӣ ва фароҳам овардани фазои шоду хуррам барои хонандагони хурдсол мебошад.

Дар чорабинии тантанавӣ муовини ректори ДМТ оид ба тарбия Маҷидзода Д.М., намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ, аз чумла бахшҳои ҷавонону занон, омӯзгорону хонандагони Литсей иштирок намуданд. Зимни суханронӣ намояндагони Донишгоҳ – Маҷидзода Д.М. ва Шерзода Б. ба нақши муҳими кӯдак дар ҷомеа, таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар, бахусус Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас ва шароити созгор барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон таъкид намуданд.

Барномаи фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳи миллӣ ва иштироки фаъоли хонандагони литсей сурат гирифт. Барнома шомили суруду рақси миллӣ, ва намоиши ҳунарҳои эҷодии кӯдакон буд, ки фазои идонаро ба толор овард ва табъи иштирокчиёнро болида сохт.
Гуфта шуд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо ба рушди зеҳнӣ ва маънавии кӯдакон мусоидат мекунанд, балки ҳамчун василаи муҳими тарбияи ахлоқӣ ва ифтихори миллӣ хидмат менамоянд.