ҲАМОИШИ ФАРҲАНГИЮ МАЪРИФАТӢ

53

Имрӯз (02.11.2022) дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш сафири фавқулода ва намояндаи томулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, намояндагони фарҳангу адаби Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамзамон, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Ҳамоиши фарҳангию маърифатӣ иборат аз қироати порчаҳои шеърӣ аз «Шоҳнома»-и абармардони олами адаб Ҳаким Фирдавсӣ ва аз фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин,  дурахшонтарин чеҳраҳои  шеъру адаби форсӣ ва илму адёни  ҷаҳонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин, адибони муосир буд, ки қироат ва зери садои мусиқӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар ҳамоиши шеъру суруд ҳунармандони шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон – гурӯҳи ҳунармандони «Суруш» ва «Шаҳпар», инчунин, дастаи ровиёни ҷавони факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар самти тарғибу ташвиқи фарҳанги миллии варзиш паҳлавонони муассисаи бозиҳои варзиши паҳлавонии Эрон ширкат варзиданд.