ҲАМОИШИ ИЛМИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН ДАР ДМТ

10

Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Ташаккул ва рушди ҳуқуқи кӯдак дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р., оғоз гардида зикр гардид, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон пайваста такмил ёфта, барои рушди ҳамаҷонибаи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар идомаи ҳамоиш номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносӣ Сайёҳат Вализода дар мавзуи «Асосҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» маърӯза намуда, муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ва механизмҳои амалисозии онҳоро мавриди таҳлил қарор дод.

Ҳамчунин, ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносӣ Сунатулло Азимзода дар мавзуи «Технологияҳои рақамӣ ва ҳуқуқи кӯдак: ҷанбаҳои мусбӣ ва манфӣ» суханронӣ намуда, масъалаҳои вобаста ба таъсири технологияҳои муосир ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, имкониятҳо ва хатарҳои муҳити рақамиро баррасӣ намуд.

Зимнан дар ҳамоиш ба нақши оила дар таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Қайд гардид, ки тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқ доранд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ӯро ҳимоя намоянд, муассисаҳои таълимиро интихоб кунанд, дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ иштирок ва мусоидат намоянд, инчунин дар фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ саҳм гузоранд. Таъкид карда шуд, ки ҳамкории зичи оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа яке аз омилҳои муҳимми таъмини рушди ҳамаҷонибаи кӯдак ва ҳифзи самараноки ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ба шумор меравад.

Таъкид гардид, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, таҳқиқу омӯзиши ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии ин соҳа барои рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд аҳаммияти муҳим дорад.