ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ

304

Имрӯз (14.09.2022) бо ташаббуси кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) дар мавзӯи «Рушди истихроҷ ва коркарди нафту газ дар Тоҷикистон» ба хотири гиромидошти доктори илмҳои химия, профессор Усмонов Раҳматҷон мизи гирди умумиҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо сухани муқадимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт. Пеш аз оғози Ҳамоиш меҳмонон дастовардҳои устод дидан намуданд. Дар нишаст таъкид шуд, ки боиси хурсандист, ки солҳои охир дастгирии илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла илми химия зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди ин фанҳо чораҳои таъхирнопазир андешида истодаанд, ки намунааш ин эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва дар ин замина баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» зери роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат мебошад.

Ба кумитаи тадорукоти конференсияи мазкур зиёда аз 40 маводи илмии олимони дохил ва хориҷи кишвар вобаста ба бахшҳои гуногуни химиявӣ, ҳамзамон ёддошту хотироти дӯстону ҳамсабақон ва шогирдон ворид шудааст, ки ҳамаи онҳо дар китоби ёддоштҳои дўстону наздикон ва ҳамкасбон аз чоп баромад ва ба иштирокчиёни Ҳамоиш тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар кори конференсияи мазкур муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М., академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидов У.М., Ғаниев И.Н., аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Қурбанов М.Ж., декани факултети химия Файзуллозода Э.Ф., директори Институти илмию таҳқиқотӣ Раҷабзода С.И. ва дигар устодону кормандон, ёру дӯстони устод аз Донишгоҳ ва корхонаҳои илмию истеҳсолии ҷумҳурӣ иштирок, маърӯза ва суханрониҳо намуданд.