
Имрӯз (16.10.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони ««Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва нақши он дар шинохти таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ» баргузор гардид. Ин ҳамоиши сатҳи баланд ба муносибати арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабӣ ва таърихии халқи форсу тоҷик – «Шоҳнома» ва нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ доир шуд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас, навори видеоии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он аз бузургии «Шоҳнома» ва нақши он дар эҳёи фарҳанги миллӣ ёдовар шудаанд, намоиш дода шуд.

Баъдан, ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Насриддинзода Э.С. суханронӣ намуда, аз аҳаммияти таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома» ва ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳё ва гиромидошти мероси фарҳангӣ, хусусан чоп ва тақтим намудани “Шоҳнома” ба ҳар оилаи кишвар, ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки бо таъбири Пешвои миллат “«Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст.”
Қисмати дигари конференсия ба маърузаҳои илмӣ бахшида шуд:
· Солеҳов Мирзо Одинаевич – доктори илмҳои филология, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ бо маърӯзаи илмӣ дар мавзуи «Худшиносии миллӣ дар «Шоҳнома»»;
· Асорориён Ҷонибек Одилпур – номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ бо суханронӣ дар мавзуи ««Шоҳнома» ва ҳамосаи Гӯрғулӣ (Сайри таърихию қиёсии ҳамосаи ҳирфаӣ ва эпоси гуфторӣ)»;
· Яъқуб Ясно – шоҳномашинос ва адабиётшиноси маъруф, собиқ устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Кобул ба номи Ал-Беруни бо маърӯзаи ҷолиб дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — нахустин ҳимоятгари расмӣ ва давлатии «Шоҳнома»»;
· Асоев Сабзаалӣ Убайдович – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ бо суханронӣ дар мавзуи «Инъикоси масъалаи ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ».
Бахши фарҳангии ҳамоиш бо қироати порчаҳои шеърӣ аз достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз ҷониби донишҷӯёни ДМТ: Назирова Паринамоҳ Қосимовна, Манижаи Баҳодур ва Носирзода Фазлиддин рангу ҷилои хос гирифт.
Конференсия бо суханри хотимавии ректори Донишгоҳ дар робита ба арзишҳои маънавию фарҳангии «Шоҳнома» ва ҷойгоҳи он дар таҳкими худшиносии миллӣ ҷамъбаст гардид. Зикр шуд, ки «Шоҳнома» ҳамчун як асари ҳамосавии оламшумул на танҳо манбаи илҳоми худшиносии миллист, балки пайванди наслҳо ва омили пойдории забон, таърих ва фарҳанги мост.