АНҶОМИ КУРСИ ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯИ ҲАРБӢ-ПЕНИТЕНСИАРӢ

15

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (ДТИОМТОК) назди ДМТ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани стрегияҳо ва барномаҳои давлатӣ саҳми худро гузошта истодааст. Дар ин асос, Донишкада ҷиҳати татбиқи “Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисосро ташкил ва баргузор намуд.

Курси мазкур “Педагогика ва психологияи ҳарбӣ-пенитенсиарӣ” унвон гирифта, дар ҳаҷми 105 соат ташкил карда шуд. Дар курси мазкур устодони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, дарсҳо бо сифати баланд ташкил ва баргузор гардиданд.

Мақсад аз баргузор намудани курси “Педагогика ва психологияи ҳарбӣ-пенитенсиарӣ” дар омодасозии мутахассисон барои фаъолияти касбӣ дар сохторҳои низомӣ ва муассисаҳои пенитенсиарӣ (ислоҳӣ) мебошад. Ин курс барои фаҳмидани хусусиятҳои равонӣ ва тарбиявии инсон дар муҳити ҳарбӣ ва ислоҳӣ мусоидат мекунад.