Аз 20-ум то 23-юми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов Анҷумани байналмилалии олимони ҷавон баргузор гардид. Дар кори анҷуман беш аз 100 нафар ҷавонон аз давлатҳои гуногун, аз ҷумла аз кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Миср, Қазоқистон, Чин, Молдова, Нигерия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Украина, Шри-Ланка ва ғ. ҳам ҳузурӣ ва ҳам маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок намуданд.
Дар ҷараёни анҷуман муҳаққиқони ҷавон дар робита ба беҳтар гардонидани фаъолияти илмию эҷодии ҷавонон ва такмил додани кори анҷуман дар оянда суханрониҳои ҷолиб иброз доштанд.
Дар ҳамоиш бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муҳаққиқи ҷавон, мудири шуъбаи мудофиаи шаҳрвандии донишгоҳ Сайдализода Назрихӯҷа Назрулло иштирок намуда, донишгоҳро намояндагӣ мекард.
Мавсуф ба мо иттилоъ дод, ки дар анҷуман дар робита ба имкониятҳои илмию эҷодии ҷумҳурӣ, дар мисоли Донишгоҳи миллӣ суханронӣ намуда, барои рушд бахшидани ҳамкориҳои олимони ҷавон пешниҳодҳои мушаххас сурат гирифтанд. “Дар идомаи суханронӣ ба ташкилкунандагони ҳамоиш изҳори минатдорӣ намуда, таклиф намудем, ки Донишгоҳи миллӣ барои ҳамкориҳои илмию эҷодӣ доимо омода мебошад”-афзуд Сайдализода Н.Н.