АНДЕШАҲОИ ТАҲАММУЛПАЗИР ВА ГУСТАРИШИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

295

Имрӯз (03.04.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ, мубориза бар зидди падидаи номатлуб – экстремизму терроризм ва тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии устодону кормандон вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҳамоиши илмӣ- назариявӣ доир гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳ, инчунин, устодону кормандон ва муҳаққиқони ҷавон иштирок доштанд. Ҳамоиш бо хониши суруди миллӣ оғоз гардид.

Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. дар оғози ҳамоиш таъкид намуд, ки дар ҳар давру замон ҳифзи амнияти давлату миллат аз хатару таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳои давлатсозиву давлатдории ҳар миллати тамаддунофар маҳсуб мешуд ва имрӯз низ ин масъала авлавияти худро гум накардааст.

Мутаассифона, бо суръати баланд паҳн шудани идеологияи созмонҳои экстремистиву террористӣ нигаронкунанда буда, авзои сиёсии ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам печидаву мураккабтар гардонидааст ва ҳолати баамаломада аз мамлакатҳои ҷаҳон тақозо менамояд, ки зидди ин падидаи манфии ҷомеа муборизаи дастаҷамъона баранд.

Таъкид дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, мулоқот бо роҳбарони давлатҳо, зиёиён, ҷавонону бонувон пайваста дар бораи торафт реша давонидани терроризм ва ифротгароӣ хушдор дода, онҳоро ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар сокини сайёра маҳкум менамоянд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм бо субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд ва самаранокро роҳандозӣ намуда, ҷонибдори сулҳу суботи сартосарӣ дар тамоми сайёраи замин ва пуштибонӣ аз тадбирҳои андешидаи Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт мебошад.

Ҳамзамон, дар идомаи ҳамоиш олимони ҷавон номзади илмҳои фалсафа Саидзода Далер дар мавзуи «Роҳҳои мубориза бо экстремизм ва терроризм дар замони муосир», номзадони илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бахтиёр Давлатов дар мавзуи «Сиёсати ҳуқуқӣ дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар марҳилаи муосири рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фирдавс Мирзоахмедов дар мавзуи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои терроризм аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, таъкид карданд, ки мавзуҳои мавриди назар яке аз масъалаҳои мубрам баҳисоб рафта, барасии пайвастаро талаб менамояд.

Зимнан гуфта шуд, ки солҳои охир ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, тундраву ифротгаро яке аз масъалаҳои ниҳоят ташвишовар гашта, мусибат ва хатарҳои мудҳишро дар пай дорад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу савияи дониши сиёсиву динӣ ва эҳсоси худшиносиву ватанпарастии наврасону ҷавонон ҷиддан ва сидқан муносибат намоем.

Дар мулоҳизарониҳо ректори донишгоҳ иброз дошт, ки бо назардошти рӯйдодҳои манфии ҷаҳони имрӯза, аз қабили ифротгароии динӣ, терроризму экстремизми динӣ, ки боиси осебпазир гардидани амният ва ваҳдати миллӣ мегарданд, барои пойдории минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ андешаҳои таҳаммулпазир метавонанд нақши муассир дошта бошанд.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои санадҳои дар ин самт қабулшуда, ҷиҳати баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ, ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ ва миллӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва вазифаи мо дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои дарпешистода мебошад.