АНСАМБЛИ ХАЛҚИИ «НАВРӮЗ»

Бо мақсади ҷалби донишҷӯёни ҳаваскор ба чорабиниҳои фарҳангии донишгоҳ ва ҷумҳурӣ, омӯзиши асбобҳои мусиқии миллию аврупоӣ ба донишҷӯён, тарбияи завқи мусиқидӯстӣ дар вуҷуди муҳасилини донишгоҳ соли 1965 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ансамбли халқии «Наврӯз» таъсис дод шуд, ки аввалин роҳбари бадеии он Арбоби фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амон Холиқназаров буд.

Ҷиҳати дарёфти донишҷӯёни ҳаваскор ва ҷалби онҳо ба унвони аъзои Ансамбли халқии «Наврӯз» ҳамасола маҳфил-озмуни «Чеҳраҳои ҳунар» дар ду давр; даври факултетӣ ва даври донишгоҳӣ доир карда мешавад.

Дар Ансамбли халқии «Наврӯз» вазифаҳои роҳбари бадеӣ, роҳбари мусиқӣ, устодони асбобҳои мусиқии зарбӣ, най, қонун, дуторбас, ғижжак, соз, синтезатор, рубоб амал мекунанд. Ҳамзамон, дар назди ин маркази фарҳангӣ маҳфилҳои «Мутрибони ҷавон», «Ровиёни ҷавон» ва дастаи «Наврӯз», ки барои иштирок дар барнома-озмуни телевизионии «Маҳфили зарифон» пешбинӣ шудааст, таъсис ёфтааст.

Устодон, мутрибон ва донишҷӯёни аъзои Ансамбли халқии «Наврӯз» дар чорабиниҳои расмӣ-фарҳангии сатҳи донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, пайваста дар алоҳидагӣ барномаҳои консертии мусиқавӣ ва овозхониро дар якҷоягӣ бо дигар муассисаҳои таълимии дохилӣ ва хориҷии кишвар доир менамоянд, ки ин барномаҳои тавассути телевизионҳои кишвар намоиш дода мешаванд.

Ҳамзамон, ҳайъати ҳаваскорони Ансамбли халқии «Наврӯз» аз рӯзи таъсис то имрӯз ба кишварҳои гуногуни дунё, аз ҷумла Олмон, Полша, Туркия, Юнон, Малта, Австрия, Руминия, Испания, Гана, Бенин, Нигерия, Ливия ва ғайраҳо сафари ҳунарӣ анҷом дода, имрӯз низ барномаҳои консертии худро дар дохил ва хориҷи кишвар манзури тамошобинон мегардонад. Сафарҳои нахустини ҳунармандони ансамбл дар солҳои аввали таъсис ба вилоятҳои Ленинобод (имрӯза Суғд), Хатлон ва ҳатто то Самарқанду Бухоро сурат гирифтааст.Баъдан ин ансамбл  бо барномаҳои консертии худ ба тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ сафар намуда, бахшида ба 40-солагии Ғалаба дар ҶБВ барномаи хотирмоне пешниҳод намуда буданд. Соли 1980 Ансамбли халқии Наврӯз дар кушодашавии Олимпиадаи Москва ширкат намудааст.

Бояд бигӯем, ки донишҷӯёни ҳаваскори ин ансамбл он замон дар 12-уми фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, ширкати намуда аз худ маҳорати воло нишон додаанд.

Айни ҳол роҳбари бадеии Ансамбли халқии «Наврӯз» Қурбонов Ҷумахон мебошад.

Роҳбари бадеии Ансамбли халқии “Наврӯз”-и
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қурбонов Ҷумахон

Тел: 90-026-62-96

Cуроға: хиёбони, Рудакӣ, 17