ҶАРАЁНИ КОМИССИЯИ ҚАБУЛИ ДМТ: ИСТИҚБОЛИ БАРАНДАИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…»

524

Тавре иттилоъ дода будем, бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ дар саҳни факултети фалсафаи донишгоҳ, ки дар Шаҳраки донишҷӯён, маҳаллаи Буни Ҳисорак ҷойгир аст, макони қабули довталабон ва ё ба истилоҳ Комиссияи қабул ташкил шудааст. Барои қабули довталабон ва роҳнамои намудани онҳо ба ихтисосу факултети интихобкардаашон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Пас аз эълони Маркази миллии тестӣ дар мавриди ҷойҳои амиқи таҳсили довталабон санаи 25.07.2021 донишгоҳ дар гурӯҳи шартномавӣ, факултети ҳуқуқшиносӣ аввалин довталаб -Давлатзода Шукрия Асламро қабул намуд.

Имрӯз (29.07.2021) масъулини Комиссияи қабул барандаи шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Раъно Насриддиноваро истиқбол намуданд. Акнун Раъно Насриддинова (хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 28-и деҳаи Сории шаҳри Панҷакент) ба шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ қабул гардид.

Зимнан мушоҳида шуд, ки масъулини Комиссияи қабул саргарми банду басти ҳуҷҷатгузорӣ ва роҳнамоии довталабон буданд. Довталабон, аз ҷумла Зиёев А., Баротов Д., Комилова И. аз шарту шароити Комиссияи қабул хуб ёдовар шуда, ташкили варақаю гӯшаҳои иттилоотӣ, бунгоҳи тиббӣ ва сари вақт қабули ҳуҷҷатҳоро аз ҷониби масъулин дастгирии беназир арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки донишгоҳ барои довталабон тамоми шароитро фароҳм сохтааст ва интизори ҷавонони илмдӯсту хушахлоқ мебошад.

 ЭЗОҲ: Агар дар мавриди НОМГӮЙИ ҲУҶҶАТҲО, НАҚШАИ ҚАБУЛ ва НАРХНОМАИ ДОНИШГОҲ маълумот лозим бошад, метавонед бо нишони зерин муроҷиат намоед (ворид шавед):

 – Қомиссияи қабул: Шаҳраки донишҷӯён (маҳаллаи Буни Ҳисорак), факултети фалсафа;

-Сомонаи донишгоҳ: www.tnu.tj @ https://tnu.tj/index.php/tj/nomg-i-u-at-oe-ki-dovtalabon-ba-komissijai-abuli-donishgo-i-millii-to-ikiston-peshni-od-menamojand/