Қарор дар бораи Стандартҳои давлатии таҳсилот дар ДМТ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

ДАР БОРАИ СТАНДАРТҲОИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Стандарти давлатӣ оид ба докторантура аз рӯйи ихтисос дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешбурди фаъолияти таълимиро тибқи стандартҳои мазкур ба роҳ монад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  

ш. Душанбе, аз 27 сентябри соли 2025, № 496

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 сентябри соли 2025, № 496

Cтандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (минбаъд – Стандарти мазкур) ҳуҷҷате мебошад, ки талаботро ба барномаҳои таҳсилотӣ, соатҳои таълимӣ, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагон, муҳлати омӯзиши барномаҳои таълимӣ, аттестатсияи хатм, ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва масъалаҳои дигари марбут ба таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (минбаъд – Донишгоҳ) муқаррар менамояд.

2.Стандарти мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

3.Дар Стандарти мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

барномаи таҳсилотӣ – маҷмуи ҳуҷҷатҳое, ки тибқи талаботи Стандарти мазкур мазмуну мундариҷаи таҳсилотро аз рӯйи самт (ихтисос) дар Донишгоҳ муайян менамояд;

барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) – ҳуҷҷате, ки мақсад, вазифа, натиҷаҳои банақшагирифташуда, мундариҷа ва ташкили раванди таълимро аз рӯйи самт (ихтисос) дар Донишгоҳ муайян намуда, тавассути машғулиятҳои аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ бо риояи талаботи Стандарти мазкур амалӣ мегардад;

гурӯҳи академӣ – гурӯҳи донишҷӯёне, ки бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияти таълимӣ аз 25 то 30 нафар (барои ихтисосҳои равияи тиббӣ то 16 нафар)-ро дар бар мегирад. Шумораи ҳадди ақалли гурӯҳҳои академӣ вобаста ба интихоби фанҳои интихобӣ ва ҳаракати академии донишҷӯён на камтар аз 8 нафарро ташкил медиҳад;

замимаи ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ – замимаи диплом мебошад;

ихтисос – маҷмуи дониш ва маҳорату малака, ки бо роҳи омӯзиши ҳадафнок ва таҷрибаи корӣ ҳосил шуда, барои навъи муайяни фаъолият зарур мебошад ва бо ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи таҳсилот тасдиқ карда шудааст;

кредит – меъёри ягонаи арзёбии ҳаҷми сарбории донишҷӯ ва омӯзгор мебошад;

модул – қисми барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) буда, дар доираи он маҷмуи фанҳо ва курсҳои ба ташаккули як ё якчанд салоҳияти ба ҳам монанд равона гардидаанд омӯхта мешаванд;

муҳлати меъёрии таҳсил – давраи муқарраргардидаи азхудкунии барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) тибқи Стандарти мазкур аз ҷониби хатмкунанда мебошад;

натиҷаҳои таълим – маҷмуи дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавие, ки донишҷӯ дар давоми таҳсил дар Донишгоҳ соҳиб мегардад;

ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (минбаъд – диплом) – ҳуҷҷате, ки тибқи тартиби муайян аз ҷониби Донишгоҳ ба хатмкунанда бо мақсади тасдиқ намудани ҳолати пурра азхудкунии барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати идомаи таҳсил, анҷом додани додани фаъолияти касбӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-и интихобкарда дода мешавад;

озодии академӣ – озодии баёни мазмуни таълим аз рӯйи салоҳдиди худ дар доираи барномаҳои таълимӣ, интихоби мавзуъ барои таҳқиқоти илмӣ ва ҳалли он бо усулҳои худ, инчунин озодии донишҷӯён дар гирифтани дониш вобаста ба майли худ дар доираи барномаҳои таълимӣ;

таҳсилоти фосилавӣ – тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва донишҷӯён имконпазир мегардонад;

триместр – семестри иловагии таълими назариявӣ барои баланд намудани холи миёнаи умумӣ ва бартараф намудани қарзҳои академӣ.

4.Донишгоҳ уҳдадор аст, ки дар раванди таҳия ва тасдиқи барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) талаботи Стандарти мазкурро риоя намояд.

2. СОХТОРИ ТАҲСИЛОТ ВА ҲУҶҶАТҲО ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ДОНИШГОҲ

5.Сохтори таҳсилоти Донишгоҳро барномаи таҳсилоти зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ (бакалавриат, мутахассис ва магистратура) ташкил медиҳад.

6.Дараҷаи якуми таҳсилоти олии касбӣ таҳсилоти олии касбие мебошад, ки хатмкунандаи он дараҷаи академии бакалавр ва мутахассисро соҳиб мегардад.

7.Нақшаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти бакалавриат ва мутахассис бахши фанҳои заминавии дорои хусусиятҳои умумимиллӣ, бахшҳои фанҳои тахассусӣ, интихобӣ, таҷрибаомӯзиҳо ва аттестатсияи хатмро, ки дорои аҳаммияти касбӣ мебошанд, дар бар мегирад.

8.Муҳлати таҳсил дар зинаҳои бакалавриат ва мутахассис дар ҳамаи намудҳои шаклҳои таълим (рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ) барои ихтисосҳои алоҳида дар ҳаҷми на камтар аз 4 соли таҳсил, барои ихтисосҳои ҳамгиро ва соҳаи тиб дар ҳаҷми на камтар аз 5 соли таҳсил муқаррар карда мешавад. Дар ихтисосҳои соҳаи тиб таҳсили ғоибона ва фосилавӣ иҷозат дода намешавад.

9.Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) баъд аз гузаштани хатмкунанда аз аттестатсияи хатм ва ба ӯ додани дараҷаи академии «бакалавр» ва ё «мутахассис» бо супурдани диплом ва замимаи он ба анҷом мерасад.

10.Мундариҷаи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) вобаста ба омодагии касбии хамткунанда дар асоси талаботи Стандарти мазкур нисбат ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии касбии ӯ аз рӯйи самт (ихтисос)-и муайян муайян карда мешавад.

11.Дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ таҳсилоти олии касбие мебошад, ки пас аз хатми дараҷаи бакалавриат ва мутахассис тибқи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) дар Донишгоҳ ба роҳ монда шуда, хатмкунандаи он дараҷаи академии «магистр»-ро соҳиб мегардад.

12.Нақшаи таълимии зинаи магистратура бахши фанҳои заминавӣ аз рӯйи самт ва бахши фанҳои тахассусӣ, интихобӣ, таҷрибаомӯзӣ ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва аттестатсияи хатмро дар бар мегирад.

13.Дар зинаи магистратура шакли таҳсил рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ муқаррар карда мешавад. Дар ихтисосҳои соҳаи тиб шакли таҳсили ғоибона ва фосилавӣ иҷозат дода намешавад.

14.Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-и зинаи магистратура омодагии махсуси хатмкунандаро аз рӯйи самт (ихтисос)-и муайян бо дарназардошти гузаштан аз таҷрибаомӯзии илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ ба муҳлати на камтар аз 2 сол (дар ҳамаи шаклҳои таълим) дар бар мегирад.

15.Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-и зинаи магистратура баъд аз гузаштани хатмкунанда аз аттестатсияи хатм бо дарназардошти дифои рисолаи магистрӣ ва ба ӯ додани дараҷаи академии «магистр» бо супурдани диплом ва замимаи он ба анҷом мерасад.

16.Муҳлати таҳсил барои азхудкунии барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-и дараҷаҳои бакалавриат, мутахассис ва магистратура на камтар аз 6 сол ва барои ихтисосҳои соҳаи тиб на камтар аз 7/8 солро дар бар мегирад.

17.Таҳсилоти олии дуюм дараҷаи таҳсилоти олии касбие мебошад, ки дар Донишгоҳ тибқи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) ба роҳ монда шуда, хатмкунандаи он дараҷаи академии «бакалавр» ва «мутахассис»-ро бо ихтисоси нав соҳиб мегардад.

18.Нақшаи таълимии таҳсилоти олии дуюм бахши фанҳои тахассусӣ, интихобӣ, таҷрибаомӯзӣ ва аттестатсияи хатмро дар бар мегирад.

19.Муҳлати таҳсил дар таҳсилоти олии дуюм дар ҳамаи намуди шакли таълим (рӯзона, ғоибона, шабона ва фосилавӣ) дар ҳаҷми на камтар аз 3 сол муқаррар карда мешавад.

20.Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-и таҳсилоти олии дуюм баъд аз гузаштани хатмкунанда аз аттестатсияи хатм, ба ӯ додани дараҷаи академии «бакалавр» ва «мутахассис» бо супурдани диплом ва замимаи он ба анҷом мерасад.

21.Маҷмуи ҳуҷҷатҳои зинаҳои таҳсилоти олии касбии Донишгоҳро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», оиннома, дастурамал, тартиб, барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос), нақшаҳои таълимии намунавию корӣ, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, барномаҳои таълимии фанҳо ва силлабус дар бар мегирад.

22.Дипломи Донишгоҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

23.Диплом ва замимаи он ба шахсоне дода мешавад, ки зинаҳои таҳсилоти олии касбии бакалавр, мутахассис ва магистратураи Донишгоҳро хатм намудаанд.

24.Касбияти хатмкунандагони Донишгоҳ, ки бо додани диплом ва замимаи он тасдиқ карда шудааст, имконияти амалӣ намудани фаъолияти касбиро аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои муайян таъмин менамояд.

25.Номгӯйи самт (ихтисос)-ҳои таҳсилоти олии касбии Донишгоҳ тибқи «Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда мешавад.

3. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА БАРНОМАИ ТАҲСИЛОТӢ ВА ШАРОИТИ ТАТБИҚ НАМУДАНИ ОНҲО

26.Муайян намудани ҳадди ақалли ҳатмии азхудкунии мазмуну мундариҷаи барномаи таҳсилотии ҳар як самт (ихтисос) дар асоси Стандарти мазкур, ки талаботи давлатиро нисбат ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунандагон муқаррар менамояд, ба роҳ монда мешавад.

27.Миқдори кредитҳо барои бахши фанҳои заминавии зинаҳои таҳсилоти бакалавриат бо дарназардошти фанҳои интихобии он 20-22,5 дарсад, барои ихтисосҳои ҳамгиро ва мутахассис 16-18 ва барои самтҳо (ихтисосҳо)-и тиббӣ 12-16 дар сад миқдори умумии кредитҳоро ташкил медиҳад.

28.Номгӯйи фанҳои интихобиро Донишгоҳ муайян намуда, миқдори кредитҳои он дар дараҷаҳои бакалавриат, мутахассис ва магистратура на камтар аз 25 дар сад (аз миқдори умумии кредитҳо)-ро ташкил медиҳад.

29.Миқдори умумии кредитҳои фанҳои тадрисшаванда дар зинаи магистратураи Донишгоҳ то 120 кредитро ташкил медиҳад.

30.Стандарти мазкур натиҷаи таълими ҳатмиро аз рӯйи барномаи таҳсилотӣ вобаста ба самт (ихтисос) бо дарназардошти салоҳиятҳои касбӣ, дониш, маҳорат ва малака муайян менамояд. Натиҷаи дарёфти таҳсилоти олии касбиро талаботи ҳадди ақалли ҳатмии мазмун ва мундариҷаи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) муайян менамояд.

31.Шахсоне, ки дипломи дараҷаи бакалавриат ва мутахассисиро доранд, метавонанд таҳсили худро дар магистратураи Донишгоҳ танҳо аз рӯйи самтҳо (ихтисосҳо)-и мувофиқ идома диҳанд.

4. ҲАҶМ ВА МЕЪЁРҲОИ УМУМИИ МУАЙЯН НАМУДАНИ САРБОРИИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШҶӮ ВА ОЗОДИИ АКАДЕМИИ ДОНИШГОҲ

32.Сарбории таълимии донишҷӯ дар Донишгоҳ бо дарназардошти ҳамаи шаклҳои фаъолияти таълимии он – машғулиятҳои аудиторӣ (иштирок дар машғулиятҳои дарсӣ) ва ғайриаудиторӣ (корҳои мустақилонаи донишҷӯ, таҷрибаомӯзӣ, омода ва дифоъ намудани кори курсӣ, кори тахассусии хатм, рисолаи магистрӣ, гузаштан аз аттестатсияи хатм аз фанҳои тахассусӣ) бо кредитҳо ифода карда мешавад.

33.Як кредит дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти Донишгоҳ ба 24 соати академӣ баробар буда, як соати академӣ дар низоми кредитии таҳсилот ба 50 дақиқа баробар аст.

34.Ҳадди аксар ва ҳатмии кредитҳо бо дарназардошти таълими назариявӣ, фарогирӣ ба таҷрибаомӯзиҳо, иҷрои корҳо (лоиҳаҳо)-и курсӣ, ҳимояи кори тахассусии хатм, супоридани имтиҳони давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ барои дарёфти дараҷаи академии «бакалавр» аз рӯйи самтҳо (ихтисосҳо)-и алоҳида, новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ), барои муҳлати таҳсили 4-сола дар ҳаҷми 240 кредит, «мутахассис» ва «бакалавр» аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои ҳамгиро, новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва барои муҳлати таҳсили 5-сола дар ҳаҷми 300 кредит пешбинӣ гардидааст.

35.Барои дарёфти дараҷаи академии «бакалавр» дар таҳсилоти олии дуюм аз рӯйи самт (ихтисос)-и алоҳида, новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ), бо муҳлати таҳсили 3-сола дар ҳаҷми на камтар аз 180 кредит, «мутахассис» ва «бакалавр» аз рӯйи самт (ихтисос)-и ҳамгиро, новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ), бо муҳлати таҳсили 4-сола дар ҳаҷми на камтар аз 240 кредит, ба истиснои бахши фанҳои заминавӣ, пешбинӣ гардидааст.

36.Ҳадди аксари кредитҳо бо дарназардошти таълими назариявӣ, фарогирӣ ба таҷрибаомӯзиҳо, иҷрои корҳо (лоиҳаҳо)-и курсӣ, ҳимояи кори тахассусии хатм (дипломӣ), супоридани имтиҳони давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ барои дарёфти дараҷаи академии «мутахассис» барои ихтисосҳои соҳаи тиб муҳлати таҳсил 5/6 сол дар ҳаҷми 350/420 кредит муқаррар карда шудааст.

37.Сарбории таълимии солонаи донишҷӯ бо дарназардошти ҳамаи шаклҳои фаъолияти таълимии ӯ дар як соли таҳсил тибқи меъёрҳои муайянгардида (ба истиснои ихтисосҳои тиббӣ) барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҳаҷми 60 кредит муқаррар карда шудааст. Сарбории таълимии солонаи донишҷӯ барои ихтисосҳои соҳаи тиб дар як соли таҳсил дар ҳаҷми 70 кредит муқаррар гардидааст.

38.Ҳадди аксар ва ҳатмии сарбории таълимии донишҷӯ дар як ҳафта бо дарназардошти ҳамаи шаклҳои корҳои таълимӣ – аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 1,875 кредит (45 соат) ва барои самтҳо (ихтисосҳо)-и тиббӣ аз 2 кредит (48 соат) зиёд набошад.

39.Ҳадди ақалли ҳатмии ҳаҷми машғулиятҳои аудиторӣ дар шакли таҳсили рӯзонаи Донишгоҳ тибқи талаботи давлатӣ бо ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунанда аз рӯйи барномаи таҳсилотии ҳар як самт (ихтисос) муайян карда мешавад.

40.Ҳаҷми кредити машғулиятҳои аудитории донишҷӯ дар шакли таҳсили рӯзона дар як ҳафта барои зинаи таҳсилоти бакалавриат ва мутахассис 1,25-1,5 кредит (30-36 соат), барои зинаи таҳсилоти магистратура то 0,75 кредит (18 соат) ва барои таҷрибаомӯзӣ ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар як ҳафта 1,5 кредит (36 соат)-ро ташкил медиҳад.

41.Дар шакли таҳсили ғоибона ба донишҷӯ имконияти бо омӯзгор дар ҳаҷми на камтар аз 12-14 кредит (288-336 соат) дар як соли таҳсил дар машғулиятҳои дарсӣ қарор доштан таъмин карда мешавад.

42.Ҳаҷми умумии вақти таътил дар як соли таҳсил на камтар аз 7 ҳафта, аз ҷумла, 2 ҳафта дар давраи таҳсили зимистона ташкил медиҳад.

43.Татбиқи низоми фосилавии таҳсилот дар Донишгоҳ бо истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар шакли пурра аз худ намудани талаботи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) иҷозат дода мешавад.

44.Ҳадди ақалли ҳатмии ҳаҷми машғулиятҳои аудиторӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ аз рӯйи самтҳо (ихтисосҳо)-и алоҳида на камтар аз 24 кредит (576 соат), аз рӯйи самтҳо (ихтисосҳо)-и ҳамгиро 30 кредит (720 соат)-ро ташкил дода, донишҷӯ дар як соли таҳсил (дар давоми чор ҳафта) дар ҳаҷми 6 кредит (144 соат) ба машғулиятҳои аудиторӣ бо иштироки омӯзгор ҷалб карда мешавад.

45.Тартиби қабули рейтингҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ дар шуъбаҳои рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ аз ҷониби Донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.

46.Давраи муайяни таҳсил (давраи академӣ) аз тарафи Донишгоҳ муайян мегардад. Миқдори ҳафтаҳои таълими назариявӣ дар як давраи академӣ дар Донишгоҳ 16-17 ҳафтаро дар бар мегирад.

47.Триместр (семестри иловагии таълими назариявӣ) дар муддати 8 ҳафта гузаронида мешавад.

48.Барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) дар асоси Стандарти мазкур бо дарназардошти рушди соҳаи иқтисодиёт, талаботи бозори дохилӣ ва берунии меҳнат таҳия, таҷдиди назар ва дар асоси хулосаи комиссияи экспертии Шурои илмию методӣ аз ҷониби Шурои олимон тасдиқ карда мешавад.

49.Донишгоҳ ҳангоми таҳияи барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ аз рӯйи самт (ихтисос), муайян намудани номгӯйи фанҳои бахшҳои тахассусӣ ва интихобӣ мустақил мебошад.

50.Донишгоҳ бо дарназардошти гузариш ба низоми байналмилалӣ барномаҳои таҳсилотии махсуси олии касбиро амалӣ менамояд. Муайян намудани номгӯйи барномаҳои таҳсилотии махсуси олии касбӣ ва татбиқи онҳо дар Донишгоҳ дар мувофиқа бо Муассис амалӣ мегардад.

51.Меъёрҳои муайянкунандаи барномаҳои таҳсилотии махсуси касбии Донишгоҳ чунинанд:

– муҳлати таҳсил дар зинаҳои бакалавриат ва мутахассис барои ихтисосҳои алоҳида дар ҳаҷми на камтар аз 3 соли таҳсил, барои ихтисосҳои ҳамгиро дар ҳаҷми на камтар аз 4 соли таҳсил, барои ихтисосҳои соҳаи тиб дар ҳаҷми на камтар аз 5 соли таҳсил, дар зинаи таҳсилоти магистратура на камтар аз 1 сол ва дар зинаи таҳсилоти олии дуюм дар ҳаҷми на камтар аз 2 соли таҳсил муқаррар карда мешавад;

– муҳлати таҳсил барои азхудкунии барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-и дараҷаҳои бакалавриат, мутахассис ва магистратура дар маҷмуъ на камтар аз 4 сол ва барои ихтисосҳои соҳаи тиб на камтар аз 7 солро дар бар мегирад;

– миқдори ҳадди аксар ва ҳатмии кредитҳо барои дарёфти дараҷаи академии «бакалавр» аз рӯйи самт (ихтисосҳо)-и алоҳида, новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ), барои муҳлати таҳсили 3-сола 180 кредит, «мутахассис» ва «бакалавр» аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои ҳамгиро, новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ), барои муҳлати таҳсили 4-сола 240 кредит, барои муҳлати таҳсили 5/6-сола (ихтисосҳои соҳаи тиб) дар ҳаҷми 350/420 кредит, зинаи таҳсилоти магистратура барои муҳлати таҳсили на камтар аз 1 соли таҳсил (дар ҳамаи шаклҳои таълим) аз 90 то 120 кредит ва дар зинаи таҳсилоти олии дуюм барои муҳлати таҳсили 2-сола 120 кредит пешбинӣ гардидааст.

52.Меъёрҳои дигари марбут ба фаъолияти таълимӣ дар асоси Стандарти мазкур амалӣ карда мешавад.

5. ТАРТИБИ ТАҲИЯ ВА ТАСДИҚ НАМУДАНИ ТАЛАБОТИ ДАВЛАТӢ БА ҲАДДИ АҚАЛЛИ ҲАТМИИ МАЗМУНУ МУНДАРИҶА ВА ДАРАҶАИ ОМОДАГИИ ХАТМКУНАНДА

53.Талаботи давлатӣ ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунандагон аз рӯйи самт (ихтисосҳо)-и алоҳидаи таҳсилоти Донишгоҳ «Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос)» номгузорӣ карда мешавад.

54.Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ҳар як самт (ихтисос) таҳия карда шуда, ҳадди ақал ҷанбаҳои зерин, аз ҷумла, муқаррароти умумӣ, ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи мундариҷа ва раванди татбиқ, ҳадди ақалли ҳатмии мазмун ва мундариҷа, муҳлати азхудкунӣ, шароити амалигардонӣ, қоидаҳои қабул, аттестатсияи хатм ва низоми дохилии таъмини сифатро фаро мегирад.

55.Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ҳар як самт (ихтисос) дар асоси Стандарти мазкур бо иштироки корфармо таҳия ва аз ҷониби Донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.

56.Мазмуну мундариҷаи бахшҳо аз рӯйи ҳуҷҷати намунавии «Таснифоти фанҳои таълимӣ аз рӯйи бахшҳо ва модулҳо» барои зинаҳои мувофиқи таҳсилоти Донишгоҳ муайян карда мешавад. Ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби раёсати таълим бо дарназардошти ҳадди ақалли ҳатмии азхудкунии мазмуну мундариҷаи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ҳар як самт (ихтисос) дар асоси Стандарти мазкур таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

57.Мавзуъ ва мундариҷаи ҳар як фанни таълимӣ тавре муайян карда мешавад, ки дар баробари пурра азхуд намудани барномаи таълимии онҳо сатҳи салоҳиятнокӣ, қобилият, малакаю маҳорат ва донишҳои назариявии донишҷӯ ташаккул ёбад.

6. ТАЛАБОТИ ҲАДДИ АҚАЛ НИСБАТ БА МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ МАҶМУИ ҲУҶҶАТҲОИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИИ ДОНИШГОҲ

58.Нақшаи таълимӣ номгӯйи фанҳо, хароҷоти меҳнат, марҳилаҳои пай дар пай ва ҷудогонаи омӯзиши фанҳои таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ, машғулиятҳои факултативӣ, модулҳои таълимӣ ва намудҳои дигари фаъолияти амалишавии таҳсилоти Донишгоҳро муайян менамояд. Нақшаи таълимӣ аз рӯйи ихтисос бандҳои зеринро фаро мегирад:

– унвон ва рамзи ихтисос, дараҷа, тахассус, муҳлат ва шакли таҳсил;

– тақвими раванди таълим (ба ҳисоби ҳафта);

– тақсимоти буҷети вақт (ба ҳисоби ҳафта);

– нақшаи раванди таълим бо нишон додани номгӯйи бахшҳо, модулҳо ва фанҳои ҳатмӣ, миқдори кредитҳо барои машғулиятҳои аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ, семестрҳо, таҷрибаомӯзӣ ва аттестатсияи хатм.

59.Нақшаи таълимӣ аз рӯйи ихтисос аз ҷониби раёсати таълими Донишгоҳ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботе, ки дар Стандарти мазкур нишон дода шудааст, таҳия ва аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ва Шурои олимони Донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.

60.Нақшаи таълимӣ аз рӯйи самт (ихтисос)-ҳои мухталифи Донишгоҳ дар асоси нақшаи таълимӣ, нақшаи инфиродии донишҷӯ бо нишон додани талаботи ҷузъиёти ҷумҳуриявӣ ва Донишгоҳ, фанҳои интихобӣ барои як соли таҳсил таҳия карда мешавад.

61.Барномаи таълимии фан (силлабус) аз ҷониби омӯзгор таҳия шуда, дар он тавсифи мухтасари фан, мақсад ва вазифаҳои фан, маълумоти мухтасар дар бораи мавзуъҳо ва маводди таълимӣ, пешталабот, талаботи баъдии фан, номгӯйи мавзуъҳо ва нақшаи тақвимӣ, усули омӯзиши онҳо, супоришҳо барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, намунаи супоришҳои тестӣ ва назоратӣ, вақти машварат, ҷадвали санҷиши дониши донишҷӯён, талаботи омӯзгор, меъёр ва шаклҳои баҳодиҳӣ, феҳристи адабиёти таълимӣ-методӣ ва илмӣ вобаста ба мазмуну мундариҷаи мавзуъҳо ҷой дода мешаванд.

62.Барномаҳои таҷрибаомӯзӣ (таълимӣ, педагогӣ, истеҳсолӣ, саҳроӣ, пешаздипломӣ ва ғайра) бо дарназардошти талабот ба ҳадди ақалли мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунанда тибқи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) таҳия шуда, барои мустаҳкам кардани донишу малакаҳои амалӣ, такмили малака ва тарзу усулҳои кор, ҳосил намудани таҷрибаи амалӣ ва омодагӣ ба фаъолияти касбӣ равона мегардад.

7. АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ДАР ДОНИШГОҲ

63.Марҳилаи хотимавии таҳсил дар Донишгоҳ аттестатсияи хатм мебошад.

64.Аттестатсияи хатм баъд аз пурра аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) ва нақшаи таълимии тасдиқшуда баргузор мегардад.

65.Раванди ташкил ва баргузории аттестатсияи хатм тибқи Тартиби гузаронидани аттестатсияи хатм, ки аз ҷониби Донишгоҳ таҳия ва тасдиқ мегардад, амалӣ карда мешавад.

8. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ РИОЯИ ТАЛАБОТИ СТАНДАРТИ МАЗКУР

66.Риояи талаботи Стандарти мазкур аз ҷониби Донишгоҳ таъмин карда мешавад.

67.Назорати давлатии риояи талаботи Стандарти мазкурро мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ мегардонад.

9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

68.Донишгоҳ барои риояи талаботи Стандарти мазкур масъулият дорад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «27» сентябри соли 2025, № 496

Стандарти давлатӣ оид ба докторантура аз рӯйи ихтисос дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Стандарти давлатӣ оид ба докторантура аз рӯйи ихтисос дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (минбаъд – Стандарти мазкур) талаботро ба ҳадди ақалли ҳатмии мундариҷаи барномаҳои таҳсилотӣ ва сатҳи тайёрии хатмкунандагони докторантура аз рӯйи ихтисос муқаррар менамояд.

2.Стандарти мазкур барои истифода ва риоя аз ҷониби воҳидҳои сохтории Донишгоҳ, ки тайёрии докторантон аз рӯйи ихтисосро амалӣ месозанд, ҳатмӣ мебошад.

3.Стандарти мазкур аз ҷониби мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти аккредитатсионӣ, комиссияҳо оид ба иҷозатномадиҳӣ ва аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, бахшҳо (шуроҳо)-и таълимию методӣ аз рӯйи ихтисосҳо, фармоишгарон ва корфармоён истифода бурда шуда, ва ҳамчун асос барои баҳодиҳӣ (ташхис)-и сифати тайёрии докторантон аз рӯйи ихтисос хизмат менамояд.

4.Стандарти мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос ва санадҳои дигари дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

5.Дар Стандарти мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

барномаи таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос – маҷмуи барномаҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотии мунтазам таҷдидшаванда, ки аз рӯйи он самти ҳаракати таълимии докторант аз рӯйи ихтисос муайян гардида, бо дифои бомуваффақияти диссертатсия ба анҷом мерасад;

докторантура аз рӯйи ихтисос – шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии «доктори фалсафа (Ph.D), доктор аз рӯйи ихтисос» барои шаҳрвандоне, ки дорои дараҷаи академии «магистр» мебошанд ё резидентура ва ординатураи клиникиро (барои ихтисосҳои тиббӣ) хатм намудаанд;

докторант аз рӯйи ихтисос – шахсе, ки дар докторантура аз рӯйи ихтисос таҳсил менамояд;

доктори фалсафа (Ph.D), доктор аз рӯйи ихтисос – дараҷаи илмие, ки аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори шурои диссертатсионӣ баъди дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос ба докторанте дода мешавад, ки талаботи барномаи таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисосро иҷро кардааст ва маҷмуи имтиҳонҳои ҷамъбастиро бомуваффақият супоридааст;

ихтисоси тайёр намудани доктор аз рӯйи ихтисос – ба таври мақсаднок аз худ намудани маҷмуи барномаҳои таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос, дониш, маҳорат ва малакаҳо аз рӯйи соҳаи мушаххаси илм, ки барои навъи муайяни фаъолияти илмӣ зарур аст;

низоми кредитии таълим – низоми баҳодиҳии миқдории мазмуни барномаҳои таҳсилотӣ ва натиҷаҳои азхудкунии онҳо ба воситаи кредит ё соати кредитӣ (меъёри вақте, ки барои омӯзиши фанни таълимӣ ҳар ҳафта дар давоми як семестр сарф мешавад ва дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳон аз ин фан донишҷӯ ба ин кредит (ё кредитҳо) соҳиб мегардад);

кредит – воҳиди ба як шакл даровардашудаи ченаки ҳаҷми кори таълимии докторант аз рӯйи ихтисос, ки ба 24 соат баробар аст;

аттестатсияи хатми докторант аз рӯйи ихтисос – тартибест, ки сатҳи фарогирии таълимгирандаро ба стандарти ҳатмии давлатии дараҷаи докторантура аз рӯйи ихтисос муайян намуда, аз рӯйи натиҷаи он докторант ба дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос роҳ дода мешавад;

ихтисоси илмӣ – маҷмуи дониш ва маҳорату малака, ки бо роҳи омӯзиш ва таҳқиқоти ҳадафнок ва таҷрибаи корӣ ҳосил шуда, барои навъи муайяни фаъолият зарур мебошад ва бо ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи таҳсилот тасдиқ карда мешавад;

озодии академӣ – озодии баёни мазмуни таълим аз рӯйи салоҳдиди худ дар доираи барномаҳои таҳсилотӣ, интихоби мавзуъ барои таҳқиқоти илмӣ ва ҳалли он бо методҳои худ, инчунин озодии таълимгирандагон дар гирифтани дониш вобаста ба майли худ дар доираи барномаҳои таҳсилотӣ;

стандарти таҳсилоти докторантура аз рӯйи ихтисос – маҷмуи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилотро дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос, моҳияту муҳлати таълим ва усулҳои ташхиси сифати таҳсилот ва корҳои илмию таҳқиқотиро бо дарназардошти дастовардҳои байналмилалӣ муайян мекунанд;

– диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос – асари илмиест, ки ҳамчун таҳқиқоти мустақил шинохта шуда, дар он муқаррароти назариявие таҳия гардидааст, ки ба гурӯҳи навовариҳои илмӣ дохил шуда, аҳаммияти иҷтимоию фарҳангӣ, иқтисодӣ дорад ва ё масъалаҳои техникӣ, иқтисодӣ ва технологии аз ҷиҳати илмӣ асоснок ифода ёфтааст, ки татбиқи амалии он дар рушди ҳамаҷонибаи мамлакат саҳми арзанда мегузорад.

6.Дар Стандарти мазкур ва дигар маводди таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос ихтисораҳои зерин истифода мешаванд:

МФА – маҷмуи фанҳои асосӣ;

ҚФҲ – қисмати фанҳои ҳатмӣ;

ҚФИ – қисмати фанҳои интихобӣ;

МФТ – маҷмуи фанҳои тахассусӣ;

ТПК – таҷрибаи педагогӣ ва касбӣ;

АИТД – асари илмӣ-таҳқиқотии докторант аз рӯйи ихтисос;

АФ – аттестатсияи фосилавӣ;

АХ – аттестатсияи хатм;

ИМ – имтиҳони маҷмуӣ;

ДРД – дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос.

2. ТАЛАБОТИ УМУМӢ

7.Тайёрии докторони фалсафа (Ph.D), докторон аз рӯйи ихтисос дар докторантура аз рӯйи ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ татбиқ карда мешаванд.

8.Барномаҳои таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос дар Донишгоҳ, ки барои фаъолияти таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои дахлдори докторантура аз рӯйи ихтисос дорои иҷозатнома мебошанд, амалӣ карда мешавад.

9.Дар докторантура аз рӯйи ихтисос тайёр намудани кадрҳои илмӣ бо додани дараҷаи олии академии «доктори фалсафа (Рh.D), доктор аз рӯйи ихтисос» амалӣ карда мешавад.

10.Барномаи таҳсилотии тайёр намудани докторон аз рӯйи ихтисос тайёрии бунёдӣ, таълимӣ, методологӣ ва таҳқиқотӣ буда, омӯзиши амиқи фанҳоро аз рӯйи самтҳои дахлдори илм барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва маориф, тандурустӣ, ҳуқуқшиносӣ, фарҳанг, соҳаҳои хизматрасонӣ (ройгон ва музднок) ва ғайра дар назар дорад.

11.Хусусияти хоси барномаҳои таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос аз он иборат аст, ки қисмати амалии он нисбат ба самти назариявии он бартарӣ дорад. Тайёр кардани докторон аз рӯйи ихтисос соҳаҳои амиқи илмро дар бар мегирад.

12.Тайёрии доктори фалсафа (Рh.D), доктор аз рӯйи ихтисос дар асоси:

– Стандарти мазкур;

– Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос ва замима ба он, таснифоти намунавии самт ва ихтисосҳои докторантура аз рӯйи ихтисос;

– барномаҳои таҳсилотӣ ва дастурҳои методӣ;

– нақшаи инфиродии докторант аз рӯйи ихтисос;

– ҳуҷҷатҳои дигаре, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешаванд, амалӣ мегарданд.

13.Ба шахсоне, ки барномаи таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисосро аз худ кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дараҷаи илмии академии «доктори фалсафа (Рh.D), доктор аз рӯйи ихтисос» дода мешавад.

14.Муқаррароти Стандарти мазкур мақсадҳои зеринро дорад:

– таълими босифати баъдидипломӣ бо риояи талаботи ҳатмӣ ба сатҳи тайёрии докторант аз рӯйи ихтисос;

– таъсиси низоми назорат аз рӯйи самаранокии фаъолияти Донишгоҳ, ки тайёр намудани докторант аз рӯйи ихтисосро амалӣ мегардонад;

– муайян намудани ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо ва салоҳиятнокии докторантон аз рӯйи ихтисос, ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи таълимӣ, таҳқиқотию илмӣ ва касбии онҳо;

– таъмини эътирофи ҳуҷҷатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани дараҷаи академии «доктори фалсафа (Рh.D), доктор аз рӯйи ихтисос» дар фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ.

3. ТАЛАБОТ БА ШАХСОНЕ, КИ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮЙИ ИХТИСОС ДОХИЛ МЕШАВАНД

15.Ба аз худ кардани барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос шахсоне роҳ дода мешаванд, ки зинаи таҳсилоти магистратура, ординатура ё резидентураи клиникиро хатм кардаанд (барои ихтисосҳои тибби клиникӣ).

16.Қабул ба докторантура аз рӯйи ихтисос тибқи Қоидаҳои қабул ба Донишгоҳ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ мегардад, амалӣ карда мешавад.

4. ТАЛАБОТ БА СОХТОРИ БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛОТИИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮЙИ ИХТИСОС

17.Сохтори барномаи таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос аз ду қисмат – илмӣ ва таълимӣ иборат аст.

18.Барномаи таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос аз намудҳои гуногуни фаъолият, ки мазмуни таълимро муайян месозад, ташаккул меёбад ва таносуб, ченкунӣ ва баҳисобгирии онҳоро инъикос менамояд. Меҳнатталабии фаъолияти таълимӣ ва илмӣ аз рӯйи миқдори маводди азхуднамуда муайян ва бо кредитҳо ҳисоб карда мешавад. Ҳар як фан бо ҳаҷми баробар ба адади кредитҳо баҳогузорӣ карда мешавад.

19.Давомнокии азхудкунии барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос вобаста ба самт ва тайёрии пешакӣ на камтар аз 3 солро ташкил медиҳад.

20.Таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос дар шакли рӯзона ва фосилавӣ ба роҳ монда мешавад.

21.Соли таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос аз давраҳои академӣ иборат буда, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, озмоишию таҳқиқотӣ, давраи аттестатсияи марҳилавӣ, назорати ниҳоӣ, таҷрибаомӯзӣ, аттестатсияи ниҳоӣ ва таътилро дар бар мегирад.

22.Давомнокии аттестатсияи фосилавӣ (назорати ниҳоӣ) баъд аз ҳар як семестр дар семестрии ҷараёни таълим на кам аз 2 ҳафтаро ташкил медиҳад.

23.Таҷрибаомӯзии докторант аз рӯйи ихтисос, тибқи тақвими тасдиқшудаи академӣ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Стандарти мазкур гузаронида мешавад.

24.Давомнокии давраи таътил дар соли таҳсил бояд на камтар аз 2 моҳро ташкил диҳад.

25.Қисмати илмии барномаи таҳсилотӣ аз фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, озмоишӣ, нашри маводди илмӣ ва таҳияи диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос ташкил меёбад.

26.Меъёри асосии баитмомрасии ҷараёни таълим дар докторантура аз рӯйи ихтисос азхудкунии кредитҳои муқарраршуда аз ҷониби докторант аз рӯйи ихтисос мебошад.

27.Хатмкунандагони докторантураи Рh.D, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи имконият ва мавҷудияти воҳиди корӣ аз ҷониби Донишгоҳ тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

28.Дар ҳолати азхудкунии пеш аз муҳлати барномаи таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос ва дифои бомуваффақияти диссертатсияи докторӣ ба докторант, тибқи тартиби муқарраргардида, дараҷаи илмии академии «доктори фалсафа (Рh.D), доктор аз рӯйи ихтисос» дода мешавад.

29.Ба докторант аз рӯйи ихтисос, ки курси пурраи омӯзишии барномаи таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисосро аз худ карда, диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисосро дар муҳлати муқарраршуда дифоъ накардааст, муҳлати таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос метавонад дар асоси шартномаи музднок тамдид карда шавад.

30.Аттестатсияи тахассусӣ на дертар аз 1,5 сол аз лаҳзаи қабул шудан ба докторантура аз рӯйи ихтисос бо мақсади муайян кардани имконияти давом додани таҳсил ва навиштани диссертатсия гузаронида мешавад.

31.Докторант аз рӯйи ихтисос, ки талаботи аттестатсияро иҷро накардааст, ҳуқуқ дорад, аттестатсияро такроран гузарад. Дар ин маврид докторант аз рӯйи ихтисос вазифадор аст, ки маблағи таҳсилро пардохт намояд.

5. ТАЛАБОТ БА САТҲИ ТАЙЁРИИ КАСБИИ ДОКТОРАНТОН АЗ РӮЙИ ИХТИСОС

32.Талабот ба сатҳи тайёрии касбии докторон аз рӯйи ихтисос бо Стандарти мазкур аз рӯйи ихтисосҳои дахлдори докторантура аз рӯйи ихтисос муайян карда мешавад.

33.Барномаҳои таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос иборатанд аз:

– таълими назариявӣ, ки ба он фанҳои заминавӣ ва тахассусӣ дохил мешаванд;

– таҷрибаомӯзӣ;

– асарҳои илмию таҳқиқотӣ, озмоишию таҳқиқотӣ, аз ҷумла омода намудани диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос;

– аттестатсияи фосилавӣ ва хатм.

34.Таълими назариявӣ аз маҷмуи фанҳои заминавӣ ва тахассусӣ иборат аст. Маҷмуи фанҳои заминавӣ аз фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ (элективӣ) иборат мебошад. Маҷмуи фанҳои тахассусӣ танҳо аз фанҳои ҳатмии тахассусӣ иборат аст.

35.Номгӯйи фанҳои қисмати ҳатмӣ мутобиқ ба ихтисоси тайёршавии докторант аз рӯйи ихтисос муайян карда мешавад. Ҳаҷми ҳадди ақалли кредитҳои фанҳои қисмати ҳатмӣ тибқи Стандарти мазкур муайян карда мешавад. Номгӯйи фанҳои интихобӣ (элективӣ) ва ҳаҷми ҳадди ақалли кредитҳои дахлдор аз ҷониби Шурои олимон тибқи дархости корфармоён талаботи бозори меҳнат мустақилона муайян карда мешавад.

36.Мундариҷаи барномаи таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос тибқи ҷадвали 1 муайян карда мешавад.

Ниг. ба ҷадвали 1

Ҷадвали 1.

Р/тНомгӯйи фанҳоҲаҷм аз рӯйи кредитҳо
1.Маҷмуи фанҳои асосӣ (заминавӣ) (МФА)10
1.1Қисмати фанҳои ҳатмӣ (ҚҲ)4
1.2Қисмати фанҳои интихобӣ (ҚИ)6
2.Маҷмуи фанҳои тахассусӣ (МФТ)10
3.Корҳои илмию таҳқиқотии докторант аз рӯйи ихтисос (КИТД)90
4.Таҳияи диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос46
5.Таҷрибаомӯзии педагогӣ ва илмӣ (ТПИ)20
6.Аттестатсияи фосилавӣ (АФ)
7.Аттестатсияи хатм (АХ)2
7.1Имтиҳони маҷмуӣ  (ИМ)2
7.2Дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос (ДРД)
 Ҷамъ180

37.Барномаҳои таҳсилотии тайёр кардани докторантҳо аз рӯйи ихтисос аз нақшаи таълимӣ, маҷмуи таълимӣ-методии фанҳо, барномаҳои таҷрибаомӯзӣ (педагогӣ/илмӣ) ва нақшаи инфиродӣ ва асарҳои илмию таҳқиқотӣ иборат аст.

38.Натиҷаи таҳқиқоти илмии докторант аз рӯйи ихтисос чунин аст:

– дар як ё зиёда нашрияҳои илмии тақризшавандаи ватанию хориҷӣ ба табъ расонидани на камтар аз 3 мақола;

– суханрониҳои расмӣ дар ду ва зиёда конференсияи илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ;

– на камтар аз як амали ҷорикунӣ дар истеҳсолот, патентҳо ё пешпатенткунонӣ (барои ихтисоси техникӣ).

6. ТАЛАБОТ БА МУҲИТИ ТАЪЛИМИИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮЙИ ИХТИСОС

39.Барномаҳои таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос аз ҷониби Донишгоҳ мустақилона таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

40.Мундариҷаи барномаи таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос бо нақшаи таълимии корӣ, барномаҳое, ки дар асоси Стандарти мазкур таҳия гардидаанд, муайян карда мешавад.

41.Докторант аз рӯйи ихтисос дар асоси нақшаи фаъолияти инфиродӣ, ки бо ёрии эдвайзер ва мушовирони илмӣ тартиб дода мешавад, таълим мегирад.

42.Нақшаи инфиродии докторант аз рӯйи ихтисос барои ҳамаи давраи таҳсил тартиб дода шуда, аз фаслҳои зерин иборат аст:

– нақшаи инфиродии таълимӣ (ҳангоми зарурат метавонад ҳамасола дақиқ карда шавад);

– асари илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотӣ (мавзуъ, самти таҳқиқот, муҳлат ва шакли ҳисоботдиҳӣ);

– таҷрибаомӯзӣ (барнома, макон, муҳлат ва шакли ҳисоботдиҳӣ);

– мавзуи диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос бо асосноккунӣ ва сохтори он;

– нақшаи иҷрои диссертатсияи докторӣ;

– нақшаи нашри маводди илмӣ ва коромӯзӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар.

43.Докторант аз рӯйи ихтисос нақшаи таълимии инфиродии худро бо ёрии роҳбари илмӣ ё мушовир дар асоси нақшаи намунавии таълимӣ ва феҳристи фанҳои ҳатмӣ тартиб медиҳад. Ба он бояд тамоми фанҳои қисмати ҳатмӣ дохил карда шаванд, ки ҳаҷми онҳо аз ҳаҷме, ки Стандарти мазкур муайян намудааст, набояд кам бошад. Фанҳои интихобӣ аз ҷониби докторант аз рӯйи ихтисос мустақилона муайян карда мешавад. Миқдори умумии кредитҳои қисмати интихобӣ, ки аз ҷониби докторант аз рӯйи ихтисос аз худ карда мешаванд, набояд аз ҳаҷме, ки Стандарти мазкур муқаррар намудааст, кам бошад.

44.Натиҷаи фаъолияти амалии докторант аз рӯйи ихтисос бо истифодаи шаклҳои гуногуни назорат ва аттестатсия ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад. Барои таъмини эътирофи натиҷаҳои назорати дастовардҳои таълимии таълимгирандагон дар фазои байналмилалии таълим баҳогузории донишҳо аз рӯйи низоми баҳогузории рейтингии холӣ амалӣ карда мешавад.

7. ТАЛАБОТ БА ТАЪМИНОТИ КАДРӢ

45.Барномаҳои таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос, ки дар Донишгоҳ татбиқ мешаванд, ба иҷозатнома барои амаликунии фаъолияти таълимӣ ва шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои дигари таҳсилоти олӣ ва илмӣ мутобиқ мебошад.

46.Дар докторантура аз рӯйи ихтисос раванди таълимро бояд шахсоне гузаронанд, ки дараҷаҳои илмии доктори илм ва ё номзади илм, доктори фалсафа (Рh.D), доктор аз рӯйи ихтисосро доранд. Дар зимн аз рӯйи силсилаҳои фанҳои заминавӣ ва ихтисосии Стандарти мазкур дар Донишгоҳ бояд ҳайати доимии профессорону омӯзгорони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мавҷуд бошанд.

47.Мактабҳои илмӣ бояд дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ё дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида бошанд. Нишондоди эътироф маводи чопӣ дар нашрияҳои илмии бонуфуз ва иҷрои лоиҳаҳои илмии байналмилалӣ ва ватанӣ якҷоя бо шарикони хориҷӣ мебошад.

48.Кадрҳои педагогӣ бояд усулҳои муосири таълим ва технологияҳои таълимро донанд ва онҳоро дар ҷараёни таълим истифода бурда тавонанд.

49.Роҳбарии илмии докторантон аз рӯйи ихтисосро 1 ё 2 нафар амалӣ менамояд, ки аз ҳисоби докторон ва номзадҳои илм, докторони Рh.D, докторон аз рӯйи ихтисос, ки бо таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи мазкури илм (аз рӯйи равияи ихтисос) иштироки фаъол доранд, таъин карда мешаванд. Дар ҳолати 2 нафар таъин шудани роҳбарон, яке аз онҳо, чун қоида, олими намоён аз муассисаи хориҷӣ (ё берунӣ – аз муассисаҳои дигари таълимӣ ё илмии дохили ҷумҳурӣ) мебошад.

8. ТАЛАБОТ БА ТАҲИЯИ БАРНОМАИ ТАҲСИЛОТИИ ТАЙЁРИИ ДОКТОРАНТОН АЗ РӮЙИ ИХТИСОС БО ФАРОГИРИИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ

50.Донишгоҳ, ки барномаҳои тайёр кардани докторони фалсафа Рh.D, докторон аз рӯйи ихтисосро амалӣ менамояд, ҳуҷҷатҳои зарурии таълимию методиро (нақшаи кории таълимӣ, барномаҳои фанҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ, барномаи корҳои илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотӣ ва ғайра) таҳия ва тасдиқ менамояд.

51.Барномаҳои фанҳои таҳсилотӣ аз ҷониби Донишгоҳ дар асоси Стандарти мазкур таҳия мешаванд. Барномаҳои таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос дар қисмати тайёрии касбӣ бояд дар асоси таҷрибаи пешрафтаи миллӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии дорои рейтинги баланд ва марказҳои илмии хориҷӣ, ки барномаҳои аккредитатсияшудаи тайёрии «докторони фалсафа, (Рh.D) докторон аз рӯйи ихтисос»-ро татбиқ менамоянд, таҳия карда шаванд.

9. ТАЛАБОТ БА ТАЪМИНОТИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДӢ

52.Таъминоти таълимию методӣ ва иттилоотии раванди таълим бояд имконияти азхудкунии босифати барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисосро кафолат диҳад. Амалигардонии барномаи таълимӣ бояд бо дастрасии озод ба шабакаҳои иттилоотии байналмилалӣ, махзанҳои электронии иттилоот, фондҳои китобхона, технологияҳои компютерӣ, адабиёти таълимию методӣ ва илмӣ ва ғайра таъмин карда шавад.

10. ТАЛАБОТ БА ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ ТЕХНИКӢ

53.Донишгоҳ, ки барномаҳои докторантура аз рӯйи ихтисосро татбиқ менамояд, бояд дорои заминаи моддию техникие (фонди аудиторӣ, синфҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳо, таъминоти асбобҳо, маводди фондӣ) бошад, ки ба меъёрҳои амалкунандаи санитарию техникӣ мувофиқат намояд ва гузаронидани тамоми намудҳои тайёрии назариявӣ ва амалии дар нақшаи таълимӣ пешбинигардида, инчунин таҳияи диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисосро таъмин кунад. Донишгоҳ бояд барои нашри ҳатмии натиҷаҳои таҳқиқот имконият фароҳам оварад.

11. ТАЛАБОТ БА ТАШКИЛИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

54.Таҷрибаомӯзӣ бо мақсади ташаккули маҳорати амалии фаъолияти илмӣ ва касбӣ гузаронида мешавад.

55.Барномаи таҳсилотии докторантура аз рӯйи ихтисос бояд таҷрибаомӯзии таҳқиқотӣ ва таҷрибаомӯзии касбиро дар бар гирад. Таҷрибаомӯзии таҳқиқотии докторант аз рӯйи ихтисос бо мақсади азхудкунии дастовардҳои муосири назариявӣ, методологӣ ва технологияи ватанию хориҷӣ, инчунин таҳкими маҳорати амалӣ, истифодаи усулҳои муосири таҳқиқоти илмӣ, коркард ва шарҳи маълумоти озмоишӣ дар таҳқиқоти диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос гузаронида мешавад. Таҷрибаомӯзии касбии докторант аз рӯйи ихтисос бо мақсади мустаҳкамкунии донишҳои назариявие, ки дар ҷараёни таҳсил ба даст омадаанд, гузаронида мешавад. Мундариҷаи таҷрибаомӯзии таҳқиқотӣ ва касбӣ дар асоси мавзуи диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос муайян карда мешавад. Ҳамаи намудҳои таҷрибаомӯзӣ дар муҳлате, ки нақшаи таълимӣ пешбинӣ намудааст, амалӣ карда мешавад.

12. ТАЛАБОТ БА АСАРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

56.Асари илмию таҳқиқотии таълимгирандаи докторантура аз рӯйи ихтисос бояд:

– ба мавзуъҳои асосии ихтисос, ки аз рӯйи он диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос дифоъ карда мешавад, мувофиқат намояд;

– мубрам ва дорои навгонии илмӣ ва аҳаммияти амалӣ бошад;

– ба дастовардҳои муосири назариявӣ, методӣ ва технологии илм ва таҷриба асос ёфта бошад;

– бо усулҳои муосири коркард ва тафсири маълумот бо истифодаи технологияҳои компютерӣ асоснок шуда бошад;

– бо истифодаи усулҳои муосири таҳқиқоти илмӣ таҳия шавад;

– дорои фаслҳои илмию таҳқиқотӣ (методӣ, амалӣ) аз рӯйи муқаррароти дифоъшаванда бошад.

13. ТАЛАБОТ БА АСАРИ ОЗМОИШӢ ВА ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

57. Асари озмоишию таҳқиқотии докторант аз рӯйи ихтисос бояд:

– ба мавзуъҳои асосӣ, ки аз рӯйи он диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос дифоъ карда мешавад, мувофиқат намояд;

– мубрам, дорои навгонии илмӣ ва моҳияти амалӣ бошад;

– ба дастовардҳои муосири илм, техника ва истеҳсолот асос ёфта, дорои тавсияҳои мушаххаси амалӣ, ҳалли мустақилонаи вазифаҳои идоракунии дорои хусусиятҳои маҷмуӣ ва байнифунксионалӣ бошад;

– бо истифодаи технологияҳои муосири пешрафта иҷро карда шавад;

– дорои фаслҳои озмоишию таҳқиқотӣ (методӣ, амалӣ) аз рӯйи муқаррароти дифоъшаванда бошад.

58.Натиҷаҳои асарҳои илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотӣ аз ҷониби докторант аз рӯйи ихтисос дар шакли ҳисоботи мухтасар дар охири ҳар як сол ба расмият дароварда мешавад.

59.Натиҷаи ниҳоии асари илмию таҳқиқотӣ/озмоишию таҳқиқотии докторант аз рӯйи ихтисос диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос мебошад.

60.Натиҷаи асосии диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос бояд тибқи талаботи Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос ба табъ расонида шавад.

61.Талабот ба мазмун ва барасмиятдарории диссертатсияҳо, тайёрии онҳо ба дифоъ тибқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

14. ТАЛАБОТ БА САТҲИ ТАЙЁРИИ ШАХСОНЕ, КИ БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛОТИИ ДОКТОРАНТУРАРО АЗ РӮЙИ ИХТИСОС АЗ ХУД КАРДААНД

62.Хатмкунандаи докторантура аз рӯйи ихтисос бояд тайёрии бунёдии илмӣ, методологӣ ва касбӣ дошта бошад, технологияҳои муосири иттилоотӣ, аз ҷумла усулҳои бадастоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилооти илмиро донад, масъалаҳои муосири илмӣ ва амалиро асоснок ва ҳал намояд, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, озмоишию таҳқиқотиро аз рӯйи самти интихобгардида пеш барад, фаъолияти таҳқиқотӣ ва идоракуниро амалӣ созад.

63.Дар барномаҳои таҳсилотӣ сатҳи дониши хатмкунандагони докторантура аз рӯйи ихтисос бояд чунин талабот инъикос ёбад:

– маълумотнокии умумӣ;

– салоҳиятнокии иҷтимоию шахсиятӣ;

– салоҳиятнокии иқтисодӣ ва ташкилию идоракунӣ;

– салоҳиятнокии касбӣ;

– салоҳиятнокии махсус;

– тайёрӣ ба ивазшавии нақшаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, касбӣ, мутаҳаррикии ҷуғрофӣ ва иҷтимоӣ дар шароити дигаргуниҳо.

64.Аттестатсияи хатми докторант аз рӯйи ихтисос шакли назорати давлатии дастовардҳои таълимии докторант аз рӯйи ихтисос мебошад, ки ба муайянсозии мутобиқати дониш, маҳорату малака ва салоҳияти бадастовардаи ӯ ба талаботи стандарти давлатии таҳсилот аз рӯйи ихтисосҳои докторантура аз рӯйи ихтисос равона карда шудааст.

65.Аттестатсияи хатми докторантон аз рӯйи ихтисос мутобиқи Қоидаҳои аттестатсияи хатми докторантура аз рӯйи ихтисос, ки аз ҷониби Донишгоҳ тасдиқ карда мешавад, гузаронида мешавад.

66.Аттестатсияи хатми докторантон аз рӯйи ихтисос дар Донишгоҳ дар муҳлатҳое, ки бо тақвими академӣ ва нақшаҳои корҳои таълимии ихтисосҳо пешбинӣ гардидаанд, дар шакли имтиҳони маҷмуӣ гузаронида мешавад.

67.Имтиҳони маҷмуӣ аз ҷониби Комиссияи аттестатсияи хатм гузаронида мешавад. Номзадии раиси КАХ бо муассис мувофиқа карда мешавад.

68.Ба имтиҳони маҷмуӣ аз рӯйи ихтисос фанҳои ҳатмии қисмати заминавӣ ва тахассусии барномаи таълимии докторантура аз рӯйи ихтисос дохил мешаванд.

69.Имтиҳони маҷмуӣ дар семестри шашум гузаронида мешавад.

70.Докторант аз рӯйи ихтисос, ки имтиҳони маҷмуиро супоридааст, ба дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос роҳ дода мешавад.

71.Тартиби дифои диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисос тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муайян карда мешавад.

72.Ба докторанте, ки диссертатсияи докторӣ аз рӯйи ихтисосро дифоъ кардааст, тибқи тартиби муқарраргардида дараҷаи илмии «доктори фалсафа (Рh.D), доктор аз рӯйи ихтисос» дода мешавад.

73.Сарбории роҳбари илмии доктори фалсафа Рh.D, доктор аз рӯйи ихтисос дар як сол аз 144 соат иборат мебошад.