ҶАШНИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИКОН – МЕҲРГОН ДАР ДМТ

657

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои таърихӣ, аз ҷумла иди Меҳргон имрӯз эҳё гардид. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.

Имрӯз (17.10.2022) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷашни куҳанбунёди тоҷикон – Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Намояндагони сохторҳои мухталифи донишгоҳ аз дастархони идонаи факултетҳои физикаю биология, ки фарогири меваю сабзавоти ватанӣ ва гушае аз ҳунарҳои мардумӣ буд, боздид намуданд.

Декани факултети биология, профессор Каримзода А. зимни суханронии худ зикр кард, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон  аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад. Меҳргон чун дигар ҷашну идҳои миллати куҳанбунёди тоҷик бо ибтикори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ҳамасола мо онро ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамоем.

Дар идома, профессори кафедраи ботаника Раҳимов Сафарбек доир ба  таърихи ҷашни Меҳргон суханронӣ карда, таъкид дошт, ки «гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳматҳои кишоварзон ҷашн мегирифтанд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни соҳибистеъдоди факултетҳо барномаи хотирмони фарҳангӣ -фароғатӣ пешниҳод гардид.