ҶАШНИ ПУРШУКӮҲИ АҶДОДӢ ДАР ЛИТСЕЙ

45

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои пуршукӯҳи аҷдодони гузаштаи мо мебошад, ки дар баробари Наврӯзу Сада ва дигар расму оинҳои миллӣ то имрӯз мақому манзалати худро аз даст надодааст. Мувофиқи солшумории шамсӣ меҳр моҳи ҳафтуми сол ба ҳисоб рафта, мутобиқи рӯзи 16-уми меҳр дар моҳи меҳр ид карда мешавад, ки он мутобиқи 8-9-уми октбяри насронӣ аст. Дар робита ба ин ҷашни ниёгон ҳамоишҳои гуногун идома доранд. Имрӯз (28.10.2022) дар Литсейи равияи табиию риёзии ДМТ чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ хонандагони литсей хони ҷашнӣ ороста, аз ҷониби устодони соҳибтаҷриба  боздид ва баҳогузорӣ шуданд.

Директори литсей Ш.Ғаффорзода коллективи омӯзгорону толибилмони литсейро ба ҷашни Меҳргон самимона табрик намуда, ба хони оростаи толибилмон баҳои баланд дод ва ҳамзамон, омӯзгорону хонандагони фаъолро бо ифтихорнома сарфароз гардонид.