АЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ВА ВАСЕЪСОЗИИ ИМКОНИЯТҲОИ ДОНИШГОҲ ДАР ЗАМИНАИ ИХТИСОСҲОИ АМАЛКУНАНДА

33

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун маркази бонуфузи илмию таълимӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устувору намоёнро дар низоми миллии маориф ишғол мекунад. Ин боргоҳи муқаддаси илму маърифат дар тӯли фаъолияти пурсамари худ ҳазорҳо мутахассисони соҳибкасбро барои соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, илм ва фарҳанги кишвар омода намудааст. Мавқеи вежаи Донишгоҳи миллиро боз ҳам баландтар мебардорад он далел, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи хатмкардагони ин муассисаи олии таълимӣ мебошанд.
Имрӯз Донишгоҳи миллӣ дар партави сиёсати давлатӣ дар самти рушди соҳаи маориф ва иҷрои пайвастаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, бахусус дар доираи Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (2020–2040) ва эълони “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” (2025–2030) иқдомҳои муҳим ва муассирро рӯйи кор мегузорад. Ҳадаф аз ин ташаббусҳо фароҳам овардани заминаи устувори илмию таълимӣ барои ҷавонон, мутобиқсозии низоми таълим ба талаботи бозори меҳнат ва рушди навоварию рақамисозии иқтисод аст.
Фаъолияти босамар ва натиҷабахши устодону кормандон ва муҳаққиқони ин боргоҳи илму маърифат буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30-юми майи соли 2024 ба вижа қайд намуданд: «устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф ғайр аз фаъолияти таълимӣ барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми худро мегузоранд».
Дар идомаи дастгирии сиёсати инноватсионӣ ва рушди истеъдодҳои нав иқтисодиёт, Пешвои миллат зимни Паёми солонаи худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 пешниҳод карданд, ки “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.” Ҳамзамон, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки: “….дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.”
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва ҷиҳати ҷавобгӯ сохтани низоми таҳсил ба талаботи муосир ва бозори меҳнати ҷаҳонӣ, дар ҷаласаи ҳафтуми ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи кушодани ихтисосҳои нав ва зиёд намудани қабули довталабон дар баъзе ихтисосҳо мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр иҷозат дода шуд, ки дорои хусусияти замонавӣ, рақобатпазир ва дорои зарфияти баланд дар бозори меҳнат мебошанд. Ин ихтисосҳо чунинанд: моделиронии математикӣ, технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ, зеҳни сунъӣ, системаҳои иттилоотӣ ва технология, таърих (ихтисоси нав), забони хориҷӣ (бо нишон додани забони таҳсил), иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди берунӣ, геология (Сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва нақбҳо), хадамоти гумрукӣ, сиёсат ва робита бо ҷомеа, таъмини ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия.
Ин иқдом, бешак, посух ба тағйиротҳои босуръати бозори меҳнат ва зарурати омода кардани мутахассисони соҳаҳои нави иқтисоди рақамӣ ва технология мебошад.
Ҳамзамон, барои афзоиши шумораи қабули донишҷӯён дар зумрае аз ихтисоси амалкунанда низ тасмим гирифта шуд. Ин иқдом дар доираи талаботи Аккредитатсияи байналмилалӣ, ташкили гурӯҳҳои таҳсилашон бо забонҳои хориҷӣ, инчунин, аз тамоюли афзояндаи талабот ба мутахассисони ин самтҳо дар бозори дохилию хориҷӣ роҳандозӣ гардидааст. Ихтисосҳои зерин аз ҷумлаи онҳо мебошанд: физика (фаъолияти илмию педагогӣ), коркарди кони канданиҳои фоиданок, амнияти компютерӣ (усулҳои риёзӣ ва системаҳои барномавӣ), ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисодиёти рақамӣ.
Бо татбиқи ин навгониҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бори дигар исбот месозад, ки дар роҳи ислоҳот ва мутобиқсозии таълим ба воқеиятҳои нави ҷомеа ва иқтисоди ҷаҳонӣ қарор дорад. Имрӯз Донишгоҳ ба як маркази бузурги ҳамаҷонибаи рушди инсоният, омӯзиш ва таълиму дониш табдил ёфтааст, ки барои насли ҷавон имкониятҳои фаровони касбомӯзӣ, таҳсил ва рушдро фароҳам меорад.
Хушбахтона, Донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия дорад.
Мо итминон дорем, ки бо чунин иқдомҳои дурбинона ва стратегӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон на танҳо рисолати таълимӣ ва илмии худро бо масъулияти баланд иҷро хоҳад кард, балки дар иҷрои вазифаҳои миллӣ ва иҷтимоӣ низ саҳми арзанда гузошта, барои тарбия ва омода намудани насли наврас ба талаботи замона талоши пайваста хоҳад варзид.

Шарифзода Исмоил,
сардори Раёсати таълими ДМТ