ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…”

383

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола баргузор мегардад. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла донишҷуёни муассисаҳои олии касбӣ доир мегардад.

Рӯзи 17.12.2022 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садридиин Айнӣ маросими ҷоизасупории озмуни мазкур барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он аз миёни 442 нафар иштирокчиёни даври ниҳоии озмун беҳтаринҳо интихоб гардида, қадрдонӣ шуданд. Дар он донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирокчиёни фаъол ба ҳисоб мерафтанд. Ҳамасола, иштирокчиёни озмун аз ДМТ нисбат ба дигар муассисаҳои кишвар бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ пешсаф ҳастанд. Имсол низ донишҷӯёни донишгоҳ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Имрӯз (19.12.2022) бо ғолибони озмун ректори донишгоҳ вохурӣ намуда, дар самти ҳавасманд намудани онҳо дастурҳои мушаххас доданд.

ҶОЙИ ЯКУМ:

-Мадалиева Шоира Қудратовна – донишҷӯи курси чоруми факултети журналистика аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷикӣ”;

-Ёқубов Фариддун Фаррухович – донишҷӯи курси якуми факултети фалсафа, аз руйи номинатсияи “Эҷоди назму наср”.

ҶОЙИ ДУЮМ:

-Атаджонова Мавлюда Мирзоевна – донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи рус, аз руйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”;

-Қудратов Сино Абӯалиевич – унвонҷӯи кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология, аз рӯйи номинатсияи “Эҷоди назму наср”.

ҶОЙИ СЕЮМ:

-Қудратуллозода Шукрона – донишҷӯи курси якуми факултети ҳуқуқшиносӣ, аз руйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”.

ҶОЙИ ИФТИХОРӢ:

-Манижаи Баҳодур – донишҷӯи курси чоруми факултети ҳуқуқшиносӣ, аз руйи номинатсияи “Адабиёти классикӣ”;-Боқиев Муродбек Матлаббович – донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи тоҷик, аз руйи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”;

-Тоҳири Шукрона Тоҳир – донишҷӯи курси дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ, аз руйи номинатсияи “Адабиёти классикӣ”;

-Раҳматшозода Комрон – донишҷӯи курси якуми факултети филологияи тоҷик, аз руйи номинатсияи “Адабиёти муосир”;

-Саидова Фарзона Ҳомидовна – номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи мутоилоти Шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ, аз руйи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ”.

Ҳамзамон, ёдрас мешавем, ки ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х. дар маросими қадрдонии иштирокчиёни мазкур ширкат намуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукотро супориданд.