ҶАВОНОН БО ФАРҲАНГИ БАЛАНДИ СИЁСӢ БОЯД МАНФИАТҲОИ МИЛЛИРО ПУШТИБОНӢ НАМОЯНД

246

Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ДМТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ курси таълимии «Сарварон (лидерҳо)-и сиёсӣ» дар толори Шурои олимони донишгоҳ бо иштироки раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо дар сатҳи баланд баргузор гардид.

 Нахуст Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар робита ба муҳиммияти баргузории курсҳои мазкур суханронӣ намуда, иштирок дар дарсҳои таълимиро саривақтӣ шуморид.

Сипас Неъматзода Маликшо дар мавриди сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ин қишри ҷомеа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард. Мавсуф дар идомаи суҳбат доир ба таҷрибаи чандинсолаи худ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдат, инчунин, мушкилиҳои имрӯзаи сиёсати ҷаҳонӣ андешаронӣ намуд.

Дар қисми дигари суҳбат муҳтарам Неъматзода М. доир ба мавзӯњои худшиносӣ, ватанхоҳиву ватандорӣ ва сарфакорию донишазхудкунӣ суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки давлат ба ҷавонони донишманд, поквиҷдон ва таҳсилдида эҳтиёҷ дорад. Ҷавонон бояд ҳар лаҳзаи худро ғанимат шуморанд ва мудом аз пайи мутолиаи китобҳои илмиб бадеӣ ва омӯзиши касбҳои гуногун бошанд. Ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат  воқеъбинона назар кунанду фарҳанги баланди сиёсӣ дошта бошанд ва манфиатҳои миллиро пуштибонӣ намоянд.