ҶАВОНОН БОЯД СОЗАНДАЮ БУНЁДКОР БОШАНД …

320

Имрӯз (30.03. 2023) курси таълимии «Сарварон (лидерҳо)-и сиёсӣ» -и Донишгоҳи миллӣ бо ҳузури Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт.

Сипас муҳтарам Азим Иброҳим дар робита ба мавзуъҳои ҷавонон, идеологияи созанда ва низоми идоракунии давлати муосир суханронӣ намуд.

Зимнан таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ҷавонон бояд пайравони асили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ободкору ташаббусгар бошанд. Ҳамчун қишри фаъол бояд рӯҳияи созанда дошта, ҷомеаро ба сӯйи ояндаи нек роҳнамо бошанд.

Ҷавононе, ки воқеан Ватани худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Ин қишри ояндасоз бояд моҳияти истиқлолияти давлати худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ, забони модарӣ, фарҳанги миллӣ, таърихи қадимаи миллати хеш ҳамчун муқаддасот эҳтиром ва аз он ифтихор дошта бошанд. Маҳз дар ҳамин сурат мо аз амнияти давлату миллат ва рушду ободии Ватани азизи худ дар оянда хотирҷамъ буда метавонем.

Дар зимн муҳтарам Азим Иброҳим роҷеъ ба давраи фаъолияташ дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, ибтикороти Пешвои миллат дар робита ба сиёсати давлатии ҷавонон, ба роҳ мондани озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, инчунин, бунёди иншоотҳои замонавӣ ва корҳои созандагӣ суханронӣ намуда, ҷавононро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват намуданд.

Дар охир муҳтарам Азим Иброҳим ҷиҳати рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба роҳбарияти донишгоҳ ва зумрае аз устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо Ифтихорномаю Сипосномаи Вазорат қадрдонӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ки баргузории курси таълимӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ идома доранд.