Дар доираи нақша-чорабиниҳои муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои судманд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз (22.09.2022) дар доираи нақша-чорабиниҳои мазкур ва шарҳи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ вохӯрии муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор бо устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ доир гардид.
Нишастро ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз намуда, афзуд, ки «имрӯз масъалаи терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои глобалӣ ва хатарзо шуморида шуда, аз ҳар сохтори дахлдор ва кулли ҷомеа ҳушёриву зиракии сиёсиро тақозо менамояд. Барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, таъмини амнияти шахсии ҳар шаҳрванд, мубориза бо терроризму экстремизм, ки ба амнияти милливу ҷамъиятӣ хатар доранд, Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷати муҳим қабул намудааст. Аз ин рӯ, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва такмил додани донишҳои сиёсӣ муҳим мебошад».
Муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода А. доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм сухан карда, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ диққати асосиро ба ҷилавгирии ҷавонон ҷиҳати напайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва баргардонидани ҷавонони гумроҳ, ки дар хориҷи кишвар ба сафи ҳаракатҳои ифротию террористӣ пайвастаанд, равона намудааст. Таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳушёру эҷодкор бошанд ва дониши ҳуқуқии худро пайваста такмил диҳанд.