ҶАВОНОН МОҲИЯТИ ДАВЛАТДОРИРО БОЯД ДАРК КУНАНД…

101

(Аз қадрдонӣ то дарси тарбиявӣ)

Имрӯз курси таълимии «Сарварон (лидерҳо)-и сиёсӣ» -и Донишгоҳи миллӣ бо ҳузури раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода доир гардид. Нишаст бо сухани муқддимавии муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Собирзода Н.М. оғоз ёфта, мавсуф мухтасар перомони аҳамияти гузаронидани курсҳои таълимии мазкур сухан кард.

Сипас муҳтарам А. Раҳмонзода роҷеъ ба ҳамкориҳои судманди Кумита бо донишгоҳ суханронӣ намуда, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба устодону кормандони донишгоҳ, аз қабили Қодирзода З. – декани факултети физика, Асомиддини Р. – сардори Маркази тестӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, Иҳромов Т.- мудири Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ, Солеҳзода Г.- котиби шӯрои олимони донишгоҳ ва Раҳмонов Б.- корманди ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳро бо Сипосномаи Кумита қадрдонӣ намуданд.

Дар идома муҳтарам А. Раҳмонзода дар робита ба мавзуъҳои идеолог, сарвар ва низоми идоракунии давлати муосир суханронӣ намуд. Дар аввал муҳтарам А. Раҳмонзода аз давраи фаъолияташ дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ёдовар шуда, роҷеъ ба таҷрибаи чандинсолаи худ ва мавҳуми сарварӣ ё лидери сиёсӣ, дар мисоли Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, мушкилиҳои имрӯзаи сиёсати ҷаҳонӣ суханронӣ намуд.

Зимнан таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ҷавонон бояд фаъол бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳамчун қишри фаъол бояд рӯҳияи созанда дошта, ҷомеаро ба сӯйи ояндаи нек роҳнамо шаванд ва моҳияти давлатдориро имрӯза дарк намоянд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонони тоҷикро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил медиҳад, зеро арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони азизи мо, ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошаду пойдевори тарбияи ватандӯстии моро фаро гирад. Ин нуктаро Сарвари Давлат дар ҳамаи вохӯриҳои худ бо доираҳои гуногуни аҳолӣ таъкид мекунад.

«Ҷавононе, ки воқеан Ватани худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Ин қишри ояндасоз бояд моҳияти истиқлолияти давлати худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва аз он ифтихор дошта бошанд. Маҳз дар ҳамин сурат мо аз амнияти давлату миллат ва рушду ободии Ватани азизи худ дар оянда хотирҷамъ буда метавонем»-гуфта шуд дар нишаст.

Ёдрас мешавем, ки баргузории курси таълимӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ идома дорад.