ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲОМИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

20

Бо ташаббуси муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” курси омӯзишии «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар анҷоми ин чорабинии муҳими маърифатӣ ва сиёсӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию иҷтимоии ҷавонон равона шуда буд, 15 нафар донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо шаҳодатнома сарфароз гардонида шуданд.

Имрӯз (13.06.2025) роҳбарияти бахши тарбияи Донишгоҳ – муовини ректор оид ба тарбия Маҷидзода Д.М. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон С. Қодирзода бо гурӯҳе аз донишҷӯёни иштирокдори ин курс вохӯрӣ доир намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулон ба донишҷӯён ҷиҳати таҳсили аъло, риояи одоби намунавии донишҷӯӣ ва саҳмгузорӣ дар пешбурди сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд. Зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд дар роҳи таҳкими сулҳу субот, рушди илму маърифат ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ҳамеша саҳми фаъол дошта бошанд.

Ҳамзамон, дар рафти суҳбат ба мавқеи ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳу суботи ҷомеа таъмин гардида, шароити мусоид барои таҳсилу рушди ҳамаҷонибаи насли наврас муҳайё шудааст. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расанд, сулҳу субот ва ваҳдати саросарии кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.