ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

432

 Бо чунин унвон имрӯз (18.05.2023) дар Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тарбиявию фарҳангӣ доир гардид. Чорабинӣ бо баргузор намудани роҳпаймоии осоиштаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ шурӯъ гардида, ҳамзамон, дастовардҳои як қатор факултетҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
 Дар чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилрабо Ашурова, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва ҷавонон-донишҷӯёни соҳибистеъдоду навовари донишгоҳ, муҳаққиқон, олимони ҷавон ва раисони ниҳодҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба сиёсати давлатии ҷавонон ва дастовардҳои солҳои охири ҷавонон-донишҷӯёни донишгоҳ суханронӣ намуда, саҳми ҷавононро дар рушду инкишофи донишгоҳ назаррас арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бузурги таълимӣ дар тули фаъолияти худ ҳазорҳо ҷавонони бонангу номуси миллатро ба воя расонида, барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ сафарбар намудааст. Шумо низ ҷавонони азиз бояд идомадиҳандаи кору пайкори созандаи фарзандони баруманди миллати тоҷик, ки ин боргоҳи илму маърифатро хатм намудаанд ва имрӯз дар хидмати халқу диёранд идома диҳед», -афзур Хушвахтзода Қ.Х..
Шабнам Раҳимзода муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ афзуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушду такомул ва дастгирии ҷавонон дар Тоҷикистон заминаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро фароҳам овард ва онҳо бо дастовардҳои худ дар арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда будани худро ба тадриҷ собит месозанд.
Дилрабо Ашурова зимни суханронии хеш аз сиёсати ҷавонпарваронаи раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, саҳми ҷавонон-донишҷӯёнро дар амали намудани ҳадафҳои ҳизб ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат назаррас арзёбӣ намуд.
 Ҳамзамон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода афзуд, ки ҷавонони кишварро зарур аст, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми сазовори Пешвои миллат дар баланд бардоштани мавқеи ҷавонон донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва мафкураи миллии худро мустаҳкам намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Сипас «Муроҷиатномаи ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз ҷониби Мубориз Акбарзода донишҷӯи факултети фалсафаи донишгоҳи миллӣ шунида шуд.
Дар идомаи чорабинӣ зумрае аз устодону кормандон-ҷавонони донишгоҳ Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи ДМТ супорида шуд.
Ҳамзамон, ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ва сарояндаи ҷавон Мино барномаи рангини фарҳангию фароғатиро манзури тамошобинон гардонида шуд.