ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ – КАФИЛИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

10

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии амалҳои номатлуб, таблиғи тарзи ҳаёти солим, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки имрӯз (24.10.2025) зимни вохӯрии муовини якуми Раиси иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо донишҷӯёни Донишгоҳ баррасӣ гардиданд.

Ҳамоиш дар толори калони Донишгоҳ баргузор гардида, дар он муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, муовини ректори ДМТ оид ба тарбия Маҷидзода Давлатбахт ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан таъкид гардид, ки вохӯрии мазкур дар доираи ҳамкориҳои судманди байнисоҳавии сохторҳои марбута, аз ҷумла Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ баргузор мегардад.

Дар оғоз, муовини якуми раиси Кумитаи Раҳимзода Шабнам суханронӣ намуда, татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ифтихор аз Ватан дар байни ҷавонон кафолати таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Зимнан ба масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, тарғиби одоби либоспӯшии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон изҳори андеша карда шуд.

Сипас муовини ректори Донишгоҳ оид ба тарбия Маҷидзода Давлатбахт зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, заминаи мусоид барои рушди устувори соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фароҳам меорад.

Гуфта шуд, ки ҳар як ҷавони ватандӯст бояд дар рушду таҳкими низоми давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳм гузорад. Аз ҷавонон, бахусус донишҷӯён, даъват ба амал оварда шуд, то дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, боло бурдани ҳувияти миллӣ ва нигоҳ доштани зиракии сиёсӣ фаъол бошанд ва зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастаҷаъмона амал намоянд.