АВВАЛ ХИЗМАТ ПАСОН ТАҲСИЛ

194

Хизмат дар сафи Қуввањои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дониста шуда, ҳамасола дар сартосари ҷумҳурӣ даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва шомил шудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар ду даъвати охир ба хизмати ҳарбӣ ҳудуди 1000 нафар донишҷӯёни ДМТ ба адои хизмат сафарбар шуданд.

Имрӯз (03.11.2023) як гурӯҳ донишҷӯёни ДМТ, ки баъд аз таҳсил ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида буданд ва айни ҳол сарбаландона адои хизмат менамояд, лаҳзае ба донишгоҳ омаданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва дигар шахсони масъул бо сарбозон сари як пиёла чой суҳбати самимию хотирмон оростанд. Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур дар доираи баргузории ҷашни таърихӣ – Рӯзи Конститутсия роҳандозӣ шудааст ва дар робита ба ин тариқи Телевизиони таълимии донишгоҳ барномаи ҷолиб омода гардидааст.

Роҳбарияти донишгоҳ омодааст, ки баъд аз адои хизмат наваскаронро ҷиҳати таҳсил дар зинаи магистратура кабул кунад ва дар ҷараёни таҳсил дастгирӣ намояд.

“Хизмати ҳарбӣ вазифаи муқаддаси ҳар инсони ватандўсту ватанпарвар аст. Бояд ҳар шахси ҷомеаи муосир дар хизмати Ватан саҳм гузорад, чунки эҳтиром нисбат ба Ватан ва дўстдории он пеш аз ҳама дар хизмат ба он инъикос меёбад. Ҳар мард бояд аз ин мактаб гузарад. Зеро хизмат ба Ватан ин хизмат ба Модар аст. Дар таърихи инсоният ҳимояи Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар, нигоҳ доштани манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои он вазифаи пуршарафи ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад”- таъкид дошт, профессор Хушвахтзода Қ.Х..