АВВАЛИН ХАТМКУНАНДАГОНИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ 3 МОҲА

501

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягона муассисае мебошад, ки дар заминаи он курсҳои такмили ихтисос- коромӯзӣ (3 моҳа) гузаронида мешаванд. Барои тадбиқи ин мақсад Донишкада курсу семинарҳо, машғулиятҳои амалӣ, лексияҳо, экскурсияҳои таълимӣ, машваратҳои фардӣ, гурӯҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илми, назариявию амалӣ, илмию методӣ, таълимию методӣ ва ғайраҳоро баргузор менамояд.

Ҷиҳати иҷрои муқаррароти банди 10, қисми 1-и “Тартиби додани унвонҳои илмӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267 тасдиқ карда шудааст, аз тарафи кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Низомномаи ташкил ва гузаронидани курси такмили ихтисос-коромӯзӣ таҳия ва тасдиқ гардида, бо фармоиши ректори Донишгоҳ аз 27.10.2021 №151-09 “Доир ба мавриди амал қарор додани Низомномаи ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос-коромӯзӣ” мавриди амал қарор дода шуд. Алҳол дар ин курс аз рӯйи ихтисосҳои гуногун 171 нафар шунавандагон таҳсил намуда истодаанд.

Имрӯз (19.02.2022) маросими супоридани дипломҳо ба 21 нафар хатмкунандагони аввалин курси такмили ихтисос-кормӯзӣ (3 моҳа) баргузор гардид. Курси мазкур аввали моҳи ноябри соли 2021 оғоз гардида, моҳи феврали соли 2022 анҷом ёфт. Ба шумораи хатмкунандагон омӯзгорони 12 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дохил мешаванд. Дар чорабинӣ муовини директори донишкада Расулов С.Х. хатмкунандагонро аз номи ректори донишгоҳ, муҳтарам Хушвахтзода Қ.Х. ва директори донишкада муҳтарам Ғаффорзода И.Ғ. табрик намуда, дипломҳоро супориданд. Дар интиҳо хатмкунандагон ба роҳбарияти ДМТ ва Донишкадаи такмили ихтисос барои дар сатҳи баланд ташкил кардани курси такмили ихтисос- коромӯзӣ изҳори сипос намуданд.