Имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кадрҳои болаёқату кордон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, аз ҳисоби ҳайати кадрии захиравӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда кадрҳои ҷавону дорои маҳорати кордонӣ, қобилияти ташкилотчигӣ вадорои малакаи роҳбарӣ таъйин карда мешаванд.
Дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. кормандоне, ки ба вазифаҳои нав, таъйин гардидан муаррифӣ намуда, дар самти иҷрои вазифаҳои хидматӣ муваффақиятҳо таманно намуданд. Аз ҷумла Сайдализода Шодмон Абдувоҳид – номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи магистратураи донишгоҳ ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, Муродзода Назирмад Сафар – номзади илмҳои таърих, муовини декан оид ба таълими факултети таърих ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи декани факултети таърих ва Икромзода Хайём Икром – дотсенти факултети филологияи рус ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи декани факултети филологияи руси донишгоҳ интихоб шуданд.
Дар идомаи ҷаласа заҳмати собиқ деканҳо –профессор Раҳмоналӣ Шарифов, профессор Ғафур Мухаметов ва дотсент Рустам Шодиев низ аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои меҳнати чандсолаи пурмаҳсулашон қадрдонӣ шуданд.