АЗ БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ТО ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ ИЛМӢ

238

Имрӯз (19.03.2024) дар толори фарҳангии Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон раиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба зумрае аз устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дипломҳои докторию номзадӣ супориданд.

Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимни суханронӣ ректори Донишгоҳ ҳозиринро ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, дар ҷодаи корҳои илмию эҷодӣ муваффақиятҳо тамано намуд.

Муҳтарам Давлатзода С.Х. зимнан дар робита ба фаъолияти чанде аз шуроҳои диссертатсионӣ, омода намудани тарзи дурусти ҳуҷҷатҳои номзадию докторӣ, бе ғараз баҳо додан ба рисолаҳои илмӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти муштараки шуроҳо, дар доираи талаботи низомнома омода намудани рисолаҳои илмӣ ва бо масъулияти баланд анҷом додани тарзи ҳуҷҷатгузорӣ суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки дар сатҳи баланди илмӣ омода гаштани рисолаҳои илмӣ ва ба талаботи имрӯза мутобиқ сохтани мавзуъҳои баррасишуда вазифаи аввалиндараҷаи муҳаққиқон мебошад.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисон тамоми имкониятҳо фароҳам сохта шудааст. Имрӯз дифоъи рисолаҳои илмӣ аз муҳаққиқу роҳбар, мудирони кафедраҳову аъзоёни шуроҳо масъулияти баландро талаб мекунад.

Дар интиҳо зумрае аз устодони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ соҳиби дипломҳои докторию номзадӣ гардиданд.