АЗ ГИРИФТАНИ НИШОНҲОИ ФАХРӢ ТО ИФТИХОРНОМАҲОИ ҶАШНӢ

402

Боиси ифтихор аст, ки ҳамарӯза дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ зиёд гардида, онҳо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ пайваста қадрдонӣ мегарданд. Имрӯз (01.04.2023) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ аз ҷониби раиси Шуро, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зумрае аз дастовардҳои илмию таълимӣ ва ғолибияти устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд. Ҳамин тавр, дастовардҳо аз рӯйи самтҳои зерин муаррифӣ шуданд.

РОҲБАРИЯТ

Қаблан таъкид шуд, ки роҳбарияти донишгоҳ барои ҳамкорӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои илмӣ-байналмилалӣ ва варзишӣ (ректор – Хушвахтзода Қ.Х., муовинон – Собирзода Н.М., Ғаффорзода И.Ғ., роҳбарони сохторҳои гуногун – Қурбонов Қ., Каримзода А., Одиназода С., «Паёми ДМТ» …) бо Сипоснома ва Ифтихорнома қадрдонӣ шудаанд.

ИЛМ

Зимнан ба як зумра устодони донишгоҳ, аз ҷумла Талабзода С., Шарифзода З., Қосимов И., Ҳодиев М., Шарифзода Ҷ. Абдуллоев П., Зарипов С. шаҳодатномаи докторию номзадӣ дода шуд.

ҚАДРДОНӢ

Расулиён Қаҳҳор – устоди факултети таърих, Шарипова Саодат ва Ғарибова Маҳтобегим– устодони факултети филологияи рус, Амонова Дилором ва Тоджибоева Фарангис- устодони факултети молиявию иқтисодӣ, Назаров Тавакал – устоди кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ, Ғафуров Сафархон – устоди факултети тиббӣ, Шарипов Ҷурабек – устоди факултети физика ва Гадоев Нусратулло – устоди факултети фалсафа бо нишони «Аълочии маориф ва илм» қадрдонӣ шуданд.

ИФТИХОРНОМАИ ВАЗОРАТ

Устодони зерини донишгоҳ барои хизматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф ва саҳми назаррас гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Мирзохонзода Ситора – омўзгори факултети физика, Абдураҳмонова Мастура – омўзгори факултети филологияи тоҷик, Наҷмудинова Гулсара – корманди донишгоҳ, Тоҳирова Раҷабмоҳ ва Қиличева Муқаддас – омӯзгорони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, Ҳалимова Маърифат – омӯзгори факултети таърих, Холзода Бахтиёр – омӯзгори факултети геология ва Саноева Моҳира – мутахассиси шуъбаи тарбия.

ҲАВАСМАНДСОЗӢ

Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ зумрае аз устодону кормандони донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф, иштироки фаъол дар корҳои илмию ҷамъиятии донишгоҳ, аз ҷумла таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо Ифтихорномаи донишгоҳ ҳавасманд гардонида шуданд.

ВАРЗИШ

Дастоварди донишҷӯёни донишгоҳ, аз ҷумла Қосим Сардоров – донишҷӯи курси 4-уми факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ва Худододов Шамшербек- донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих, ки ғолиби мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмилалӣ гардидаанд, муаррифӣ ва қадршиносӣ шуданд.

Дастовардҳо ба кулли устодону кормандон ва донишҷўён муборак!