АЗ ИШТИРОКИ УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯ ТО УЗВИЯТ ДАР АССОТСИАТСИЯИ ҶАҲОНИИ СТАМАТОЛОГҲО

12

Рушди соҳаи тандурустӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи хосси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар заминаи ин сиёсати дурбинона роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста барои беҳтарсозии шароити илмию таълимӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Дар ҳамин замина, устодон бо иштирок дар чорабиниҳои сатҳи гуногун на танҳо тахассуси худро такмил медиҳанд, балки сазовори унвонҳои байналмилалӣ ва шомили созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мегарданд.

Аз санаи 6 то 8 октябри соли 2025, дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Дурнамоҳои зеҳни сунъӣ дар стоматология» баргузор гардид. Дар кори он намояндагони зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Узбекистон, Тоҷикистон, ИМА, Корея, Индонезия, Малайзия, Сингапур, Таиланд, Ветнам, Франсия, Италия, Чин, Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва дигар давлатҳои минтақа иштирок намуданд.

Дар ин ҳамоиш мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи факултети тиббии ДМТ, номзади илмҳои тиб, дотсент Шаҳноза Эгамова иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳадафи асосии конференсия мубодилаи дониш ва таҷриба миёни мутахассисон, баррасии масъалаҳои мубрами ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемориҳои стоматологӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар амалияи тиб ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисон буд.

Дар доираи конференсия як қатор мастер-классҳо, мизи мудаввар, намояншгоҳи технологияҳои пешрафта, инчунин маросими қабули аъзои нав ба Ассотсиатсияи ҷаҳонии стаматологҳо (International College of Dentists – ICD) баргузор гардид.

Бо назардошти саҳми арзанда ва дастовардҳои назаррас дар рушди соҳаи стоматологияи муосир, дотсент Эгамова Шаҳноза ба ҳайси аъзои комилҳуқуқи Ассотсиатсияи ҷаҳонии стаматологҳо пазируфта шуд. Гуфта мешавад, ки узвият дар ин созмони бонуфуз танҳо ба мутахассисони варзида ва муҳаққиқоне дода мешавад, ки дар пешбурди илм ва амалияи дандонпизишкӣ саҳми назаррас доранд.

Узвият дар чунин созмони ҷаҳонӣ на танҳо дастоварди фардӣ, балки муаррифии шоистаи мактаби миллии стоматологияи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Муборак бошад!