АЗ МУВАФФАҚИЯТҲО ТО ҚАДРДОНӢ

318

Ҳамасола бо ташаббуси садорати факултети химияи Донишгоҳи миллӣ Рӯзи касбии кимиёгарон ва ё Рӯзи химия бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки Рӯзи химикон аввалин маротиба соли 1960 ҳамчун ҷашн қабул карда шуд. Сабаби асосии таҷлили Рӯзи химикон ва ташкили муассисаҳои характери химиявидошта дар ҳамон давра, аз он маншаъ мегирад, ки дар аввали солҳои 60-уми асри гузашта аз ҷониби роҳбарияти ИҶШС шиори “Химикизатсияи тамоми кишвар” қабул карда шуда буд, ки вобаста ба ин аксарияти соҳаҳои химиявӣ рушд намуданд. Дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳамон солҳо (1965-1966) инҷониб ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Хушбахтона, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995, таҳти №98 қабул карда шуд, ки дар асоси он ҳамасола якшанбеи охири моҳи май “Рӯзи химикон ё кимиёгарон” дар ҷумҳурӣ қайд карда мешавад.

Вобаста ба ҷашнгирии Рӯзи касбии кимиёгарон дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабиниҳо, олимпиадаҳо, озмунҳо ва чандин ҳамоишҳои гуногун, аз қабили “кафедраи сол”, “олими сермаҳсули сол”, “устоди дарсдиҳандаи сол”, “лаборанти сол”, “муҳаққиқ (унвонҷӯй, докторани РhD)-и сол”, “магистранти сол”, “донишҷӯи сол”, “гурӯҳи академии сол”, “сардори гурӯҳи академии сол” ва “куратор (сарпараст)-и сол” дар давоми соли ҷорӣ гузаронида шуда, дар рӯзи ин ҷашн ғолибон элон ва ҳавасманд гардонида мешавад.

Имрӯз (27.05.2023) дар фазои чунин чорабинӣ ғолибон аз ҷониби ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва декани факултети химия, дотсент Файзуллозода Э.Ф. бо сипоснома, ифтихонома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ қайд намуд, ки устодони факултети химия бо ҳисси баланди масъулият дар раванди босуръати рушди илм ва техника, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаву зарурати таҳия ва татбиқи амалии дастовардҳои илмиро ба миён овардааст, фаъолияти илмии худро идома дода, баҳри ҳарчи бештар дар соҳаҳои гуногун татбиқ намудани дастовардҳои илмии худ кушиши зиёд ба харҷ дода истодаанд.

Ҳамин аст, ки мавқеъи факултети химия дар донишгоҳ ва берун аз он рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

Чорабинӣ бо баргузории барномаи фарҳангӣ-фароғатии донишҷӯёни ҳаваскори факултет ба анҷом расид.