АЗ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ ТО ТАҲИЯИ БАРНОМАҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ

65

Дар вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода К.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи рус масъалаҳои муҳимми фаъолияти факултет мавриди баррасӣ карор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки дар факултети филологияи рус як қадор мушкилиҳо дида мешавад, ки ҳалли онҳо аз ҷониби масъулини факултет масъулияти баландро талаб менамояд.

Нашри мақаолаҳои илмии дар маҷаллаҳои тақризшаванда, иштироки устодону кормандон дар чорабиниҳои онлайнии байналмилалӣ, кор бо технологияҳои замонавӣ, ба дарсҳои якдигар даромадан ва ҷалби бештари олимони соҳа ба ҳамоишҳои дохили факултетивӣ аз ҷумлаи нуқсонҳоест, ки бояд аз ҷониби садорати факултет дар муҳлати муайян бартараф карда шаванд.

Дар идомаи вохӯрӣ ректори донишгоҳ дар оид ба иштироки фаъоли донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмунҳои “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ дастурҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки дар ин самт бо донишҷӯён бештар фаъолият намуда, барои ҷалби онҳо бо озмунҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Масъалаҳои дигаре, ки мавриди таҳлил қарор гирифт, ин нашри барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ буд. Таъкид шуд, ки дар ин самт устодони факултет муаззаф гардида, ҷиҳати иҷрои масъалаҳои мазкур корҳои заруриро роҳандозӣ намудаанд.

Дар охир таъкид шуд, ки барои бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдошта нақшаи чорабиниҳои факултетивӣ ташкил шавад ва давра ба давра корҳои назаррас ба сомон расонида шавад.