АЗ ШАРҲИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ ТО ИШТИРОКИ ФАЪОЛ ДАР ЧОРАБИНИҲОИ НАВРӮЗӢ

127

Имрӯз (26.03.2024) дар Донишгоҳи миллӣ дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” аз 18-уми марти соли ҷорӣ, таҳти рақами 795, инчунин, иштироки фаъоли устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дар чорабинии фарҳангии “Карнавали наврӯзӣ” ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарияти сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва зумрае аз устодону кормандони факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ иштирок доштанд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. зимни суханронии хеш оид ба муҳиммияти қабули Фармони мазкур ва баргузории чорабинии фарҳангии “Карнавали наврӯзӣ” ибрози андеша намуд.

Зимнан масъулин иброз доштанд, ки тибқи Фармони мазкур “аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта мешавад.”

Гуфта шуд, ки дар робита ба ин омода намудани мутахассисони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, таҳияи дастуру китобҳои дарсӣ бо забонҳои хориҷӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ва такмил додани маҳорати забондонӣ талаботи замон мебошад. Зикр шуд, ки Пешвои миллат зимни ироаи паёмҳои хеш ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуда, ба сохторҳои дахлдор, аз ҷумла ба соҳаи илму маорифи кишвар дастурҳои мушаххас медиҳанд.

Дар идомаи ҳамоиш таъкид шуд, ки яке аз чорабиниҳои муҳимми таърихӣ ин баргузории чорабинии “Корнавали наврӯзӣ” мебошад, ки санаи 25.03.2024 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дар он устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷониби ректори Донишгоҳ ба садорат, устодони масъул ва донишҷӯёни Донишгоҳ барои иштироки фаъол дар чорабинии мазкур миннатдории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расонида шуд.

Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои мубрами илмию таълимӣ ва тарбиявии Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муайян намудани сатҳи забондонии устодону донишҷӯён, назорати раванди дарсҳои нимсолаи ҷорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, бо масъулияти баланд иҷрои вазифаҳои бадушдошта аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.