АЗ СУПОРИДАНИ ДИПЛОМҲО ТО БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲО

62

Вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ин аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар шароити пуртазоди сайёра ва торафт шиддат гирифтани рақобати байни қудратҳои ҷаҳони имрӯза барои тарбияи фарзандон дар руҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, илмомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои пешрафта ба хотири пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли хеш мунтазам ҷаҳду талош намояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳақиқат дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва арҷ гузоштан бар арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли ҷавони кишвар яке аз самтҳои муҳимми сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳои ҷумҳурӣ, ҳимояти марзу буми кишвар ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллати ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шаҳрдории кишвар, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад, имрӯз (05.09.2022) бо ташаббуси роҳбарияти ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, инчунин, роҳбарияти ДМТ чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ дар Комендатураи ҳарбии Гарнизони шаҳри Душанбе баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз шарту шароити майишии сарбозон боздид намуда, сипас дар маҷлисгоҳи Комендатура бо сарбозон мулоқот намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки зумрае аз хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ ба хоҳиши худ ба Комендатураи мазкур барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида буданд ва пас аз суханрони табрикотии меҳмонон, аз ҷумла ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар фазои тантанавӣ диплом, нишон ва туҳфаҳои хотиравии донишгоҳ ба сарбозон – хатмкунандагон супорида шуданд. Дар идомаи чорабинӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби масъулини ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қаблан бахшида ба ин ҷашни бузурги миллӣ чорабинии варзишӣ доир гардид, ки дар зимн ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон, ба ин муносибат роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифт, ки базми идона бо иштироки ҳунармандони ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳро баргузор намояд ва барои сарбозони шуҷои ватан хони идона ороста созад. Дар умум, фазои Комендатура идона буд ва таманниётҳои неку сурудҳои ватандӯстона танинандоз мегашт.