АЗ ТАШКИЛИ КУРСИ МАХСУСИ ТАЪЛИМӢ ДАР МАВРИДИ КИТОБИ “ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ” ТО ТАЪСИСИ ГУРӮҲИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ЗАМИНАИ ИХТИСОСИ АДАБИЁТИ ҶАҲОН

181

Имрӯз (28.09.2023) дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ бо коллективи факултети филологияи тоҷик доир гардид.

Дар вохӯрӣ самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ, аз ҷумла барои назорати ҷиддӣ намудан аз раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҷалби магистрон барои навиштани маводҳои илмӣ ва омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ (“Фурӯғи субҳи доноӣ…”; “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”) дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Зимнан ректори донишгоҳ дастур дод, ки дар наздиктарин фурсат дар заминаи факултет курси махсус баҳри омӯзиши китоби Пешвои муаззами миллат – “Забони миллат – ҳастии миллат” ба роҳ монда шавад. Курси мазкур миёни тамоми донишҷӯёни факултет бояд таълим дода шавад. Ҳамзамон, баҳри сайқал додани сатҳи забондонии ҷавонон дар заминаи ихтисоси адабиёти ҷаҳон гурӯҳи академӣ таълимашон бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русию англисӣ таъсис дода шавад. Гуфта шуд, ки омӯзиши фарҳангу адаби кишварҳои ҷаҳон муҳим ва талаботи замон мебошад. Дар ин замина донишҷӯён метавонанд дар рушди муосибатҳои байналмилалӣ саҳм гузоранд.

Ҳамин тавр, ректори донишгоҳ дар самти таълиму тарбия, илму равобити байналмилалӣ пешниҳоди судманд намуд.