АЗ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНА ТО ТАҲКИМИ МАСЪУЛИЯТ

8

Дар ҷаласаи васеи навбатии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э. С. доир ба фаъолияти самтҳои мухталифи сохторҳои Донишгоҳ суханронӣ намуда, ҷиҳати беҳтарсозии сатҳу сифати фаъолиятҳои илмию таълимӣ, тарбиявӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Ректори Донишгоҳ таъкид доштанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва назорати ҷиддии ҳузури донишҷӯён дар дарсҳо, ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ дар сохторҳоии мухталиф, инчунин, тақвияти корҳои илмӣ ва таълимӣ дар факултетҳо, дастурҳои мушаххас ба роҳбарон ва сохторҳои дахлдор дода шудааст. Зикр гардид, ки раванд ва сифатҳои баргузории дарсҳо, иштироки донишҷӯён, ҳамчунин, фаъолияти магистрантону докторантони (PhD) Донишгоҳ таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Масъулони самтҳои илм, таълим ва робитаҳои байналмилалию хоҷагӣ вазифадор гардиданд, ки барои ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин, назорати самтҳои марбута, нақшаи кории мушаххас таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳамзамон, масъулиятнокии омӯзгорон ва муносибати эҷодкорона ба касби омӯзгорӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми фаъолият зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти Донишгоҳ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки омӯзгорон бояд пайваста дониш ва маҳорати касбии худро такмил диҳанд. Зеро дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии кишвар нисбат ба омӯзгорон, хоса дар соҳаи илму маориф, шоёни таҳсин аст. Ин дастгирӣ дар шакли баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, таҳия ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф, зиёд намудани маош ва беҳтар кардани шароити кору зиндагии кормандони соҳа ифода ёфта, заминаи мусоид барои болоравии сатҳи таълиму тарбия ва рушди неруи инсонӣ фароҳам овардааст.

Дар ҷаласа, инчунин, масъалаҳои муҳимми рӯз ва татбиқи барномаву стратегияҳои давлатию соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои иҷрои самараноки онҳо ба сохторҳои дахлдор тавсияҳо ва дастурҳои мушаххас пешниҳод гардид.