АЗ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ТО БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ «ДОНИШ»

377

Имрӯз дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-и донишгоҳ дар соли 2022 ва вазифагузорӣ барои соли 2023 ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Н. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳайати устодону кормандони донишгоҳ иштирок дошта, ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

 Дар аввал устоди факултети муносибатҳои байналмилалӣ А.Шарипов роҷеъ ба нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Зимнан таъкид шуд, ки Паём роҳнамои тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеа буда, саҳми аъзоёни Ҳизб, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» дар татбиқи нуктаҳои он назаррас мебошад.

Дар идомаи ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш», ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз фаъолияти аъзоёни кумитаи мазкур дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 гузориши муфассал ироа намуд. Таъкид шуд, ки сол то сол аъзоёни ҳизб аз ҳисоби устодону донишҷӯёни донишгоҳ зиёд гардида, саҳми онҳо дар тарбияи насли ватандӯсти миллат беҳтару бештар гардидааст.

Гуфта шуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» аз лиҳози сохтору таркиб 25 ташкилоти ибтидоиро фаро мегирад, ки онҳо дар заминаи факултетҳо ва зерсохторҳои донишгоҳ таъсис дода шудаанд. Санаи 14-уми январи соли 2022 ба хотири боз ҳам самараноктар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳо бо ташаббуси Роҳбарияти Кумита “Озмуни беҳтарин ташкилоти ҳизбӣ дар соли 2022” эълон карда шуд, ки комиссия дар ин самт фаъолияти худро ба итмом расонида, беҳтаринҳоро муйян кард: ҷойи якум – Ташкилоти ибтидоии “Ҳуқуқшинос” (факултети ҳуқуқшиносӣ), ҷойи дуюм – Ташкилоти ибтидоии “баҳисобгирии иқтисодӣ ва иқтисоди рақамӣ” (факултети баҳисобгирии иқтисодӣ ва иқтисоди рақамӣ), ҷойи сеюм – Ташкилоти ибтидоии “Таърих” (факултети таърих) ва Ташкилоти ибтидоии “муносибатҳои байналхалқӣ” (факултети муносибатҳои байналхалқӣ).

Зимнан таъкид шуд, ки дар оянда Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда, дастуру супоришҳои Роҳбари муаззами Ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ба роҳ монда, дар рушди устувори ватани азизамон аз пештара бештар саҳми босазои худро мегузорад.

Дар идомаи ҷаласа устодони донишгоҳ Раҷабзода Ф.К. – декани факултети фарматсевтӣ ва Маҳмудов И. – устоди факултети ҳуқуқшиносӣ суханронӣ намуда, ҳисобот аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-ро қаноатбахш донистанд. Муҳтарам Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни суханронии хеш фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-ро назаррас арзёбӣ намуда, дар самти ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои судманд намуд.

Дар интиҳои ҷаласа ба чанде аз аъзоёни фаъоли ҳизб Ифтихорномаю Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе (Раҳмонзода Ҷ., Қурбонализода Н., Файзуллозода Э., Ҷаъфаров С., Раҷабов Т., Ғуломов Т., Давлатов М.), Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур (Маҳмудов И., Усмонова С., Ҳасанов Ф., Абдуҳомидов Н., Наҷмиддинов А.) ва ба 6 нафар устодону кормандони донишгоҳ Шаҳодатномаи ҳизбӣ дода шуд. Инчунин, ба ғолибони “Озмуни беҳтарин ташкилоти ҳизбӣ дар соли 2022” дипломҳо супорида шуд.

Ҷаласа бо сухани хотимавии раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш», ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва садо додани Суруди миллӣ анҷом ёфт.