БА ҶАВОНОН ЭЪТИМОДИ ЗИЁД ДОРЕМ!

107

Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Имрӯз ҷавонон неруи пуриқтидор, бунёдкору созанда ва пешбарандаи ҷомеа шинохта шудаанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус намуда, бо мақсади ҳамқадами замон тарбия кардани наслҳои ҷавон ва аз дастовардҳои илмиву техникӣ бархӯрдор гардидани онҳо ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот афзалият доданд. Тавре Пешвои муаззами миллат ироа медоранд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Ҷавонони азиз, яке аз дастовардҳои муҳимми кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ин сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятнок эътироф гаштани он аст. Пешвои миллат ба вазъи мураккаби авзои ҷомеа нигоҳ накарда, нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Имрӯз мо дар фаъолияти Донишгоҳи миллӣ саҳми насли ҷавонро хеле хуб эҳсос мекунем ва ҳамчунин дар коргузории хеш ба неруи созандаи ҷавонон бештар авлавият медиҳем. Ин аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бузурги таълимӣ дар тули фаъолияти худ ҳазорҳо ҷавонони бонангу номуси миллатро ба воя расонида, барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ сафарбар намудааст. Аз ин рӯ, умеди мо ба насли ҷавони кишвар нигаронида шудааст ва аминем, ки ҷавонони мо бо дарки масъулияти баланд сазовори эътимоди Пешвои муаззами миллат ва парчамбардорони давлат мегарданд. Эътимод дорем, ки Шумо-ҷавонони азиз, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором, сулҳу суботи сиёсӣ ва арзишҳои фарҳангии хеш мерасед.

Ҷавонони гиромӣ, ба якояки Шумо саломатӣ, азму талоши ҷиддӣ дар рушди кишвар ва ҳифзи сулҳу суботи сартосарӣ, инчунин, комёбиҳои бештаре дар таҳсилу фаъолияти меҳнатӣ хоҳонам.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!