Баҳисобгирию иқтисодӣ

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ

Кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ

Кафедраи омор

Кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит


Декани факултет

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

КАЛЕМУЛЛОЕВ М.В.

Факултети ҳуқуқу иқтисодӣ дар заминаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ҳанӯз соли 1954 таъсис ёфта буд. Аввалин декани ин факултет В.Г.Гранберг буд. Дар ин сол (1954) кафедраи иқтисодиёти соҳаҳо ташкил гардид, ки дар он се муаллими штатӣ – академик Нарзиқулов И.Қ., дотсент Сангинов К.С., лаборант ва аспирант Вафоев А.Ҷ. (аз соли 1955) кор мекарданд. Аввалин мудири кафедраи мазкур Нарзиқулов И.Қ. буданд (солҳои 1954–1971). Дар соли таҳсили 1956–1957 бо шарофати кӯшишҳои ректор Нарзиқулов И.Қ. дар ҳайати Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин факултети иқтисодии ҷудогона бунёд ёфт. Солҳои 1960–1970 академик Раҳимов Р.К., дотсент Қурбонов Ҳ.Қ. ва Дубровин Е.И. низ ба ҳайси мудири аввалин кафедраи факултети иқтисодии навтаъсиси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин кор ва фаъолият намудаанд. Аз соли 1960 кафедраи иқтисодиёти соҳаҳо ба ду кафедраи мустақил – кафедраи иқтисоди саноат ва иқтисоди кишоварзӣ ва савдо (мудири кафедра – Назарова Н.С.) ҷудо гардид. Дере нагузашта кафедраи иқтисоди кишоварзӣ ва савдо низ ба ду кафедраи мустақил – кафедраи иқтисоди кишоварзӣ ва кафедраи иқтисоди савдо тақсим шуд. Сараввал, мудири кафедраи иқтисоди кишоварзӣ Ҷумаев М.Ҷ. ва баъдтар Севликянс Э.С. буданд. Нахустин мудири кафедраи иқтисоди савдо Назарова Н.С., баъдтар дотсент Ҳабибов С. таъин шуданд.

Дар соли 1981 факултети иқтисодӣ ба ду факултети мустақил – факултети баплангирӣ–иқтисодӣ ва молиявӣ–баҳисобгирӣ ҷудо шуд. Декани факултети молиявӣ – баҳисобгирӣ н.и.и., дотсент Қурбонов Ҳ.Қ. таъин мегардад.

Дар соли 1982 факултети молиявӣ–баҳисобгирӣ низ ба ду факултет – молиявию иқтисодӣ (декан – н.и.и., дотсент Қурбонов Ҳ.Қ.) ва баҳисобгирию иқтисодӣ (декан – н.и.и., дотсент Зарифов Ғ.З.) тақсим мешавад. Солҳои 1982–1993 дотсент Зарипов Ғ.З. дар рушду равнақи факултет саҳмгузорӣ кардааст. Аз соли 1993 то 2008 Ӯроқов Дӯстмурод Ӯроқович роҳбарӣ кардаанд. Аз оғози соли 2009 то оғози соли 2015 Шукуров Бурӣ Уроқович роҳбарии факултетро ба уҳда доштанд. Аз оғози соли 2015 ин ҷониб сарварии факултетро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Калемуллоев Мунир Воҳидович ба зима доранд.

Айни ҳол дар факултет саҳми мушовирони академӣ (эдвайзер), аз ҷумла мушовирони академӣ (эдвайзерҳо) оид ба таълим дар шуъбаи рӯзона

Набиев Б.А., Қодирова М. Қ., муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Тоҳирова Р.С., муовини декан оид ба тарбия Маҷидов А.А., мушовирони академӣ (эдвайзер) оид ба таълим дар шуъбаи ғоибона Расулов Д.Т. хеле назаррас аст, зеро факултет дар самтҳои номбурда дар байни факултетҳои донишгоҳ намунаи эътироф гардидааст.

Факултети баҳисобгирию иқтисодӣ яке аз факултетҳои калонтарини ДМТ ба ҳисоб рафта, ҳоло дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона зиёда аз 1011 донишҷӯ таҳсил менамоянд.

Солҳои тӯлонӣ дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисони соҳаҳои гуногун барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он тайёр мекунанд: 25010800 – «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит», 25010500 – «Омор», 31030601 – «Кибернетикаи иқтисодӣ» (усулҳои риёзӣ дар иқтисодиёт).

Бо тақозои замон ва ташкили Палатаи ҳисоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон факултет назди худ вазифа гузоштааст, ки мутахассисони соҳибтаҷрибаро омода намояд. Бо дастгирии раёсат аз соли хониши 2013-2014 дар назди факултет ихтисоси нав, 25011100 – «Аудит ва ревизия» таъсис дода шуд, ки мутахассисони ин соҳаро тайёр менамояд.

Ҳоло дар факултет чор кафедра фаъолият дорад: Баҳисобгирии бухгалтерӣ (мудири кафедра д.и.и., дотсент Мирзохонов С.О.), Омор (мудири кафедра, н.и.и., дотсент Эргашева М.А.), Кибернетикаи иқтисодӣ (мудири кафедра, н.и.и., дотсент Табаров О.С.) ва Таҳлили иқтисодӣ ва аудит (мудири кафедра д.и.и., профессор Низомов С.Ф.).

Бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ ва супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултет 2 маркази интернетӣ, се лабараторияи компютерӣ, як синфхонаи компютерӣ барои омӯзиши барномаи «1С-бухгалтерия» амал мекунад. Дар баробари ин дар факултет Маркази демографӣ амал мекунад, ки дар омода намудани мутахассисони соҳаи омор хизмат менамояд.

Имрӯзҳо дар факултет устодони варзида д.и.и, профессор Д.У. Уроқов, д.и.и., профессор А.О. Ҷураева, д.и.и., А.К. Қурбонов, д.и.и., С.Ф. Низомов, д.и.и. Қ.Х. Барфиев, номзадҳои илм, дотсентон М.В. Калемуллоев, Ҷ.Қ. Ҷобиров, А.И. Исматов, Х.С. Боҳирова, Ш.Д. Комилов, И.М. Муллоҷонов, Р.О. Олимшоев, Ҳ.А. Акрамова, С.С. Мирзоев, Р.С. Тоҳирова, М.А. Эргашева, Р.М. Бобоева, Н.М. Собиров, С.Қ. Шоймардонов, С.О., Ойев Н.А., Бобиев И.А., Мирзохонов, О.С. Табаров, Т.Б. Раҷабов, номзадҳои илм, маллими калон Ҳ.Қ. Шоймардонов, Ф.Ф. Ғафуров, М.Х. Давлатов, номзадҳои илм, ассистентон Ҳофизов Ҳ.А.,   Алимардонов Т., устодони калон М.Қ. Хоҷабекова, Ҷ.У. Урунбоев, Ҳ.А. Иброҳимов Ҳ. Соҳибов, Ғ.О., ассистентон Набиев Б.А., Расулов Д.Т., А.А. Сатторов, А.Х. Файзуллоев, А.А. Маҷидов, Ғ.О. Таибов, Аҳмадов Ф., Одинаев М., Бадалов Ш., ва ғайраҳо фаъолият доранд.

Устодони ҷавоне, ки дар солҳои охир ба ҳайси ассиситенти кафедра қабул шудаанд, Зокирова Ф.Ҷ. ва Ғаниев У. мебошанд.

Факултет дар тӯли фаъолияти худ бо донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои илмӣ дорад. Аз солҳои 1965-ум оғоз карда то ҳол зиёда аз 20 нафар устоди факултет дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов ва Академияи молияи шаҳри Маскав таҳсил намуда, бомуваффақият рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя карданд. Дар қатори онҳо Д.У. Уроқов, Ш.Д. Комилов, М.Ш. Шобеков, С.Қ. Қурбонов, Д.О. Гадоев, Р.С. Шарипов, Р.С. Сайисмонов, А.Б. Мухаметов, А.А. Аҳмадҷонов, А.И. Исматов, М.В. Калемуллоев, С. Зайниддинов, С.Ф. Низомов, И. Ниёзов, М.Муҳаммадҷонов ва дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки ҳоло дар риштаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он фаъолият доранд. Саҳми олимони шинохтаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов ва Академияи молияи шаҳри Маскав, ба монанди профессорон А.Д.Шеремет, Р.С.Сайфулин, В.П.Суйц, С.И.Полякова, В.Д.Новодворский, С.А.Николаева, А.А.Додонов, Ф.П.Васин, С.А.Барнголс, П.П.Новиченко, М.И.Рендухов, В.В.Рожнов дар омода намудани олимони ҷавон барои ДМТ ниҳоят калон мебошад.

Соли 2009 Р.С. Тоҳирова диссертатсияи номзадиашро дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов ҳимоя кард.

Аз соли 1981 кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит бо кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов алоқаи илмию методӣ дорад. Аз соли 2003 робитаҳои илмӣ бо кафедраи баҳисобгирӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии шаҳри Воронежи Федератсияи Русия ба роҳ монда шудааст.     Аз соли 2007 ин ҷониб устодон ва донишҷӯёни кафедраи омор бо дастгирии ташкилоти хориҷӣ UNFPA дар соҳаи демография бо кафедраи демографияи Мактаби олии иқтисодии шаҳри Маскав алоқаи илмию методӣ доранд.

Дар солҳои охир устодони факултет дар донишгоҳҳои хориҷа, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Олмони ҷанубӣ (Донишгоҳи шаҳри Бамберг), Донишгоҳи давлатии Шероз (Эрон), Донишгоҳи давлатии Ирландия (Донишгоҳи Твенте), Голандия (Амстердам), Донишгоҳи давлатии иқтисодии Қазоқистон, Туркия (Донишгоҳи давлатии Истамбул) ва ғайраҳо такмили ихтисос гузаштаанд.

Дар самти тайёр кардани коркунони илмӣ барои факултет АУ ҶТ, Институти иқтисодӣ, Шӯрои дифои рисолаҳои номзадии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии техникӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат саҳмгузор мебошанд. Дар Шӯроҳои илмии ин муассисаҳои илмӣ рисолаи номзадиро устодони зерин ҳимоя карданд: Ойев Н.А, Орзуев П., Шоймардонов С.Қ., Табаров О.С., Алиев О., Бобоева Р.М., Бобиев И.А., Шоймардонов Ҳ.Қ., Давлатов М.Х., Алимардонов Т., Ҳофизов Ҳ.А., Расулов Д.Т., Ғафуров Ф.Ф.

Шумораи устодоне, ки дар факултет фаъолият доранд 52 нафар аз ин шумора 7-нафарашонро корманди техники ташкил мекунанд. Дар иҷрои нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқоти 45 нафар омӯзгорон иштирок мекунанд, ки аз онҳо 2 нафар доктори илм, профессор, 3 нафар доктори илм 27 нафар дотсентону номзадҳо, 5 нафар муаллимони калон ва 8 нафар ассистентон мебошанд.

Коллективи факултет дар солҳои охир дар самти баландравии иқтидори илмӣ, чопи маводи илмию методӣ, китобҳои дарсӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Иштироки донишҷӯён дар корҳои илмӣ, ҷамъиятӣ ва дарсҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Солҳои охир факултет дар дараҷаи дарсазхудкунӣ ва тартиботи дохилӣ яке аз факултетҳои пешсаф мебошад.

Зимнан, бояд зикр намуд, ки танҳо дар соли 2019 як нафар устоди факултет рисолаи докторӣ ва 7 нафари дигар рисолаҳои номзадашонро дифоъ намуданд.

Боиси қайд аст, ки солҳои охир пас аз вақти дифоъ намудани рисолаҳои номзадӣ факултет дар назди худ вазифа гузоштааст, ки зинаи дуюми фатҳи дараҷаи илмии тайёр намдани докторони илми иқтисодро дар амал татбиқ намояд, ки ин ба сиёсати кадрии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.