БА КОР ҶАЛБ НАМУДАНИ ХАТМКУНАНДАКОНИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

342

Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ дар самти омода намудани мутахассисони донандаи забони чинӣ саҳми назаррас мегузорад. Имрӯз дар доираи ҳамкориҳо дар пояи донишкада барои ҷалб намудани мутахассисон ба ҷойи кор аз ҷониби ҶДММ «Зарафшон» семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар директори Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ аз ҷониби Тоҷикистон Қосимов Фаррух, муовини директори Генералии ҶДММ «Зарафшон» У Леи, муовини директори департаменти захираҳои инсонии ҶДММ «Зарафшон» Ҷин Гуилонг иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни семинар хатмкунандагони риштаи забони чинии ДМТ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Зимнан гуфта шуд, ки ҶДММ «Зарафшон» ҷиҳати хубтар ба роҳ мондани таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ, тайёр намудани мутахассисони забондон ва ба ҷойи кор таъмин намудани онҳо бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкории судманд дорад.