БА ҶОЙИ КОР ТАЪМИН НАМУДАНИ ИҚТИСОДЧИЁНИ ҶАВОН

651

Дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаи рӯзонаи факултетҳои молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ бо иштироки намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСП «Спитаменбонк» ҶДММ ТСА «Сипитамен Суғурта» ва дигар ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Ҷ. Абдуллоев оғоз ёфт. Сипас сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Тавқиев Э.Ш. оид ба донишҳои назариявӣ ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо суханронӣ кард.

Баъдан намояндагони ташкилоту идораҳо аз имкониятҳои сохторҳои марбутаи хеш иттилоъ дода, таъкид доштанд, ки пешрафти иқтисодиёт аз ҷавонони лаёқатманди соҳа вобаста аст.