БАҲРИ ТАТБИҚИ БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ…

320

(Аз ифтитоҳи Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ то насби камераҳои назоратии овозӣ)

Имрӯз (23.09.2023) дар заминаи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо дастгирӣ ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети биологияи донишгоҳ Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда кушода шуд. Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., зумрае аз роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва ҳайати устодону кормандони факултети мазкур иштирок намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки замони муосирро бе мутахассисони соҳаи биология ва дастовардҳои ин соҳа тасаввур кардан ғайриимкон аст. Соҳаи биология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир низ тараққӣ карда истода, баҳри омӯзиши ин соҳа тадбирҳои судманд андешидан зарур аст. Иқдоми навбатии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар самти омода намудани мутахассисиони соҳа муҳим буда, баҳри расидан ба ҳадавҳои стратегии давлат мусоидат хоҳад намуд.

Зимнин ифтитоҳи Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда масъулин иттилоъ дод, ки озмоишгоҳ бо асбобҳои муосир таъмин гардида, баҳри иҷрои корҳои озмоишӣ, таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузорад.

Озмоишгоҳ дорои гӯшаи маводи физиологӣ, намунаи хушкшудаи ҳашароти зинда, гӯшаи растаниҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи санҷиши таркиби маводи биохимиявӣ, дастгоҳи коркард ва санҷиши маводи табобатӣ, асбобҳо баҳри гузаронидани реаксияҳои ранга бо усули химиявӣ, микроскопии лазерӣ, дастгоҳ барои муаяйн кардани зичии маҳлулҳои муҳиташон маълум ва номаълум, тарозуи таҳлилӣ – AND – 120, Термостат барои нигоҳ доштани ҳарорати муътадил, Аквадистиллятори AЭ-14 барои ба даст овардани оби тозашуда тавассути дистилятсияи ҳароратии об, Электрошкафи барқӣ, дастгоҳи андозагирии колонияи микроорганизмҳо ва ғайра мебошад, ки устодону кормандон ва донишҷӯёни ихтисосҳои марбута метавонанд аз онҳо истифода баранд.

Зимнан гуфта шуд, ки дар озмоишгоҳи мазкур навтарин таҷҳизотҳои илму техникии муосир харидорӣ шудааст, ки муҳаққиқон метавонанд таҳқиқотҳои илмии худро бо усулҳои гуногуни биологӣ бе мушкилӣ гузаронанд. Ҳамзамон, дар ин озмоишгоҳ донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён, докторантони РhD ва докторантони анъанавӣ метавонанд корҳои илмӣ таҳқиқотии худро ба роҳ монанд.

Ректори донишгоҳ зимни боздиди озмоишгоҳ ба садорат ва масъулини факултет дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо устодону кормандони ихтсосиҳои табиии донишгоҳ, аз ҷумла бо устодони факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтӣ, ҳамзамон, бо масъулини Парки технологии донишгоҳ ҳамкории судманд намуда, навгониҳои тозаи илмию эҷодиро ба роҳ монанд.

Зимнан ректори донишгоҳ аз ҷараёни дарсе, ки дар Озмоишгоҳи биотехнология мерафт, дидан намуд. Зимни суҳбат бо донишҷӯён адрофи иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар самти рушди илму истеҳсолот ва ҷалби ҷавонон ба омӯзишу пешбурди корҳои илмию эҷодӣ ёдовар шуданд.

Иқдоми дигаре, ки дар факултети биология амалӣ шуд, бо дастури роҳбарияти донишгоҳ насби камераҳои назоратӣ мебошад. Зимнан маълум гардид, ки бо мақсади беҳтар гардидани сатҳи сифати таълим ва низоми тарбия дар синфхонаҳои факултет камераҳои назоратии овозӣ насб шуда, синфхонаҳои дарсӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳу садорати факултет назорат карда мешавад.

Дар зимн дар толори Шурои олимони факултет ректори донишгоҳ бо ҳайати роҳбарикунанда ва устодону кормандони факултет вохӯрӣ намуда, иқдоми мазкурро баҳри амалишавии ташаббуси Пешвои муаззами миллат – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикстон яке аз марказҳои муҳими омодакунии кадрҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи биология ба ҳисоб рафта, дастпарварони он имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар фаъолият карда истодаанд. Ташкили чунин марказу озмоишгоҳҳо ҳар як мутаххасиси соҳаро лозим аст, ки баҳри рушди илму истеҳсолот аз пештара бештар фаъолият намоянд.