БАХШИ КОР БО ДУХТАРОНУ ЗАНОН

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахши кор бо духтарон ва  занон як шохаи ҷамъиятии донишгоҳ тобеъ ба муовини ректор оид  ба корҳои тарбиявӣ мебошад.

Бахши кор бо занон ва духтарон ба хотири иҷрои мақсад ва вазифаҳо ҳамкории доимии худро бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ махсусан шӯрои кор бо занон ва духтарон факултетҳо, шуъбаи ҷавонон, шӯрои сарпарастон, шӯрои волидайн, шӯрои собиқадорон ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба роҳ мемонанд.

Дар бахш кор бо  занон ва  духтарони ДМТ 4 нафар кор ва фаъолият мекунанд:

– Раиси бахши кор бо занон ва духтарон

– Сармутахассиси бахши занон ва духтарон- 3 нафар

Дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мақому манзалати зан дар ҷомеа боло рафта, имконияти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишварамон муҳайё карда шудааст. Санадҳои меъёри  ҳуқуқие, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар  ҷомеа қабул гардидаанд,  инҳоянд: Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (1 марти соли 2005, № 89); Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд  бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (3 декабри соли 1999, № 5); Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» (29 майи соли 2010, № 269); Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030; Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030

Санадҳои номбаршуда барои ҳаёту фаъолияти-бонувон сарнавиштсоз аст, зеро ба баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи онҳо дар ҷомеа ва нақши густурдаашон дар таҳкими ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат такони бузурге мебахшад.

Бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ фаъолияти худро дар заминаи сиёсати давлатӣ оид ба маориф, иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва супоришҳои Раёсати Донишгоҳ ба роҳ мондааст.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 8217 нафар  донишҷӯйдухтарон таҳсил менамоянд, ки 121 нафар тибқи квота таҳсил намуда, 14 нафар донишҷӯдухтарон Стипендияи президентӣ гирифта, 469 нафар донишҷӯдухтарон дар хобгоҳҳо зиндагӣ менамоянд ва ба 16 нафар духтарони маъюб ва ятими кул пайваста кумакҳои моддиву маънавӣ расонида мешаванд.

 Ҳамзамон, дар Донишгоҳ 1004 зан ба фаъолияти корӣ машғуланд, ки аз ин шумора  423 нафарашонро омӯзгорон ва 581 нафар кормандон ташкил медиҳанд, ки аз ин миқдор 200 нафари онҳо номзадони илм , 34 нафари дигар докторони илм ва 1 нафар академик мебошанд.

Ҳамзамон бахши кор бо духтарон ва занон  пайваста кори худро дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои таркибии донишгоҳ амалӣ  менамояд.

Раиси бахши кор бо духтарон ва занони ДМТ – Олимова Дилором Абдуҷабборовна.

Сармутахассисон: Шарипова Моҳинав Бегмуродовна, Олимбекзода Фахрия Олимбек,  Зардиева Суман Нуриддиновна

НАҚШАИ КОРИ БАХШИ КОР БО ДУХТАРОН ВА ЗАНОНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2022-2023