БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ АҲОЛӢ

247

Дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва амалишавии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Нишасти мазкур дар доираи баргузории нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ роҳандозӣ гардид, ки дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.

Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз шуд. Мавсуф атрофи мавзуи нишаст суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда таъсис дода шуд.

Дар ин ҷода баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатӣ “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ба тасвиб расида, баъди ба охир расидани муҳлати амали он, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид.

Дар илова ба санадҳои номбурда, инчунин бо мақсади фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул карда шуд. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Дар идомаи ҳамоиш мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Қодирзода Далер дар мавзуи “Шарҳу тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ”, номзади илмҳои иқтисодӣ Сафаров Наврӯз оид ба мавзуи “Баҳамалоқамандии таъмини амнияти иқтисодӣ ва мубориза бо коррупсия: масъалаҳои умумӣ ва хос”, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳмонзода Муҳаммад дар мавзуи “Нақши Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар рушди маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ”, устоди факултети филология Ҳафиз Раҳмон дар мавзуи “Фасод”, инчунин, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар зимн аз кормандону омӯзгорони Донишгоҳ даъват шуд, ки то дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва бандҳои нақша-чорабиниҳо баҳри амалишавии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” корро бо мақомот ҷоннок намоянд. Зикр шуд, ки бигзор, дар ҳаёти воқеии худ аз коррупсия дур бошем ва баҳри решакан кардани он пайваста мубориза барем.