БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ВАСИЛАИ МУҲИММИ ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ

57

Имрӯз (27.03.2025) бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯёни ДМТ дар ҳошияи Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Б.С., намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Розиқзода А.А. ва Файзуллозода Б.И. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили пешгирии ҷинояткорӣ, сабаб ва омилҳои ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, муқовимат ба коррупсия ва нақши ҷавонон дар ин раванд, вазифаи донишҷӯён дар риояии қонунҳо ва пешбурди фарҳанги ҳуқуқӣ мариди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан таъкид шуд, ки чорабинии мазкур қадаме муҳим дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии қонуншиканиҳо дар муҳити донишгоҳӣ ба ҳисоб меравад.